• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Алюминийи тоҷик

31 марти  соли равон  39-солагии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» - яке аз корхонаҳои азими қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва корхонаи ягонаи алюминбарорӣ дар Осиёи Марказӣ  бо шукӯҳи шаҳомати хоса таҷлил гардид. Маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 31 марти соли 1975  аввалин сабикаи алюминӣ дар Заводи алюминийи Тоҷикистон рехта шуд, ки муждарасони оғози фаъолияти меҳнатии корхонаи азамати саноатии кишвар мебошад.  

Иқтидори лоиҳавии корхона  соле дар баробари истеҳсоли 360 ҳазор тонна аноди пухта 517 ҳаз.  тонна алюминий мебошад. Корхона дорои 12 иморати сехи электролиз, ду шуъбаи рехтагарӣ, истеҳсолоти анодҳои пухта иборат аз се коргоҳ, коргоҳҳои ёрирасон ва бахшҳои дигар мебошад.