• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Дирӯз

Дар бунёди Заводи алюминийи Тоҷикистон тамоми кишвари шуроҳо ширкат варзидааст. Сохтмони мазкур ифтихори ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.Якчанд корхонаи азими кишвар якбора дар як муҷтамаъ бунёд меёфтанд – калонтарин дар Осиёи Миёна Неругоҳи барқи обии Норак, Заводи алюминийи тоҷикистон, Заводи нуриҳои азотии Вахш,  Комбинати кимиёвии Ёвон, Заводи ссементи Душанбе ва ғайра. НОБ неруи барқ истеҳсол мекарду  завод - алюминий, филиз барои эҳтиёҷоти саноати ватанӣ коркард шуда, ба ин тариқа, иқтисодиёт ва қобилияти мудофиавии кишварро мустаҳкам менамояд. Муҷтамаъ, ки баъдан сифати ҳудудию истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистонро гирифт, асоси рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ гардид.

ҶАРАЁНИ  ВОҚЕОТ:

  • октябри соли 1964, дар ҷаласаи васеи Совети Вазирони РСС Тоҷикистон лоиҳаи бунёди Заводи алюминийи Тоҷикистон қабул ва барои тасдиқ ба Совнархози Осиёи Миёна тавсия шуд; 
  • 31 марти соли 1965, санади якуми ҳаҷми иҷрошудаи корҳои васлу сохтмон қабул карда шуд.. Ҳуҷҷати мазкур бунёди Заводи алюминийи Тоҷикистонро оғоз бахшида, рӯзи аввали шуруи сохтмони ТадАЗ маҳсуб меёбад;
  • 7 июни соли 1965, Идораи сохтмон оид ба бунёди заводи алюминий – «Алюминстрой» таъсис ёфт;
  • соли 1967, пажуҳишгоҳи ВАМИ ба Вазорати металлургияи рангаи СССР дар бораи бозбинии сиёсати техникӣ бобати лоиҳакашии минбаъда ва бунёди корхонаҳои нави алюминий пешниҳод ирсол намуд, ки дар асл тағйир додани самти рушди саноати алюминийи СССР маҳсуб меёфт ва татбиқи амалии он маънои гузаришро ба истифодаи васеи электролизёрҳо бо анодҳои пухтаи пурқувватро дошт ва дар ин бобат аз ҳама аввал Заводи алюминийи Тоҷикистон  ном бурда шуд;
  • соли 1976, гурӯҳи кории мутахассисони ширкати фаронсавии «Алюминиум Пешине» барои роҳбарии корҳои васл ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани объектҳои сехи анодпазӣ омаданд;. 
  • соли 1976, қитъаи ёрирасони сехи анодпазӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва истеҳсоли аноди «хом» шуруъ гардид;
  • 20 январи соли 1978, истеҳсоли аввалин аноди пухта оғоз ёфт ва дар моҳи сентябри ҳамин сол санади бунёд ёфтани хатти якуми истеҳсоли аноди пухта ба имзо расид; 
  • соли 1978, тасҳеҳи ҷадиди супориши лоиҳавии ТадАЗ тасдиқ шуд. Тибқи лоиҳаи муштараки шуравию фаронсавӣ(ВАМИ и ширкати «Алюминиум Пешене») аввалин сехи махсусонидаи истеҳсоли аноди пухта сохта шуд;
  • соли 1978, иморати 6 корхона мавриди бахрабардорӣ қарор дода шуд;
  • соли 1978, сохтмони муҷтамаи васлсозии велосипед анҷом ёфт; 
  • соли 1979, иморати 7 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд; 
  • соли 1979, навбати дуюми хатти истеҳсоли аноди пухта ба фаъолият оғоз намуд; 
  • соли 1980, иморатҳои 8 ва 9 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд;  
  • соли 1980, навбати сеюми хатти технологии истеҳсоли аноди пухта ба фаъолият оғоз намуд; 
  • соли 1981, иморати 10 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд; 
  • 1981 год, қисмате аз иморатҳои 11 ва 12 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд(корҳои сохтмонии моҳи январи соли 1980 оғозёфта дар муддати 48 моҳ баргузор шуда, соли 1983 анҷом ёфтанд);
  • соли 1982, корхонаи «Стройинструмент» ба тобеияти ТадАЗ.гузашт; 
  • соли 1982, канораи ҷанубии иморатҳои 11 ва 12 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд( сохтмон моҳи январи соли 1980 оғоз ёфта, соли 1984 анҷом ёфт); 
  • соли 1987, сехи дуюми электролизи алюминий мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд(корҳои сохтмонию васл моҳи январи соли 1984 оғоз ёфта, дар муддати 48 моҳ баргузор шуда, моҳи декабри соли 1987 анҷом ёфтанд);. 
  • соли 1987, корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди иморати 1 анҷом ёфтанд( сохтмон моҳи майи соли 1986 оғоз ёфта, соли 1989 анҷом ёфт); 
  • соли 1987, сехи молҳои ниёзи мардум бунёд ёфт; 
  • соли 1988, истеҳсоли алюминий ба ҳаҷми зиёдтарини 457 ҳаз. тонн расид (чунин нишондиҳандаи истеҳсолӣ то соли 1990 идома ёфт); 
  • соли 1989, ТадАЗ комилан бунёд ёфт;
  • соли 1989, маҳсулоти аввалини сехи молҳои ниёзи мардум истеҳсол шуд; 
  • соли 1989, бо ширкати германии «Олкуш» дар бораи истеҳсоли маҳсулоти тефлонӣ шартнома баста шуд;
  • соли 1990, сехи васли созаҳои филизӣ ва маснуот таъсис дада шуд;.
  • соли 1991, сехи исканҷагарӣ ба фаъолият оғоз кард ва аввалин профили алюминӣ истеҳсол шуд;.
  • соли 1991, давраи дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ТадАЗ марбут ба паёмадҳои буҳрони вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, завод бо мушкилоти азим рӯ ба рӯ мешавад, нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии он якбора паст мешаванд(истеҳсоли филиз сол то сол кам шуда, соли 1997 ҳамагӣ  180 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад);
  • соли 1992, ҳамроҳи ширкати швейтсарӣ бори аввал истеҳсоли телевизори тамғаи «Солфра» ба роҳ монда шуд; 
  • соли 1992, сехи истеҳсоли чархи автомобил таъсис дода шуд; 
  • соли 1992, маҳсулоти аввалини сехи васли созаҳои филизӣ ва маснуот – дару тирезаҳои алюминӣ истеҳсол шуд;
  • соли 1993, оғози фаъолияти  блоки 4 сехи анодпазӣ; 
  • соли 1993 сехи прокати варақаҳои алюминӣ таъсис ёфт; 
  • соли 1993, корхонаи «Строймонтаж» ба таркиби корхона қабул карда, дар заминаи он сехи тармими мукаммали таҷҳизоти технологӣ таъсис ёфт;. 
  • соли 1995, таҷлили 20-солагии  ТадАЗ бо ҳузури  Президенти кишвар Э.Раҳмон. 
  • соли 1995, сехи прокати варақаҳои алюминӣ  маҳсулоти аввалинро истеҳсол намуд; 
  • соли 1996, барои фаъолияти муваффақона завод бо  «Кураи тиллоӣ» мукофотонида шуд; 
  • соли 1996, дар назди  сехи васли созаҳои филизӣ ва маснуот ва сехи молҳои ниёзи мардум  идораи истеҳсоли маснуоти алюминий таъсис дода шуд; 
  • соли 1998, афзойиши тадриҷии истеҳсоли филиз ва баромадан аз ҳолати буҳронӣ, ки бинобар номуназзамии таҳвили ашёи зом ба амал омада буд, оғоз ёфт; 
  • соли 2004, низоми амалиёти бартерӣ ба ҳамкорӣ бо шарикони нав дар шароити нави хоҷагидорӣ гузариш ёфта, иваз карда шуд: коркарди ашёи хоми фармойишгар ва минбаъд таҳти назорати гумрук (амалиёти толлингӣ) ба содирот баровардани маҳсулоти коркард;
  • соли 2006, бо ширкати норвегии «Hydro Aluminium» «Созишномаи дарозмуҳлат дар бораи ҳамкории минбаъдаи соҳаи таҳвили гилхок, фурӯши алюминий, кӯмаки техникӣ ҷиҳати афзойиши самаранокӣ ва бехатарии истеҳсолот, ҳифзи саломатӣ ва экология» ба даст оварда шуд;
  • соли 2007, Заводи алюминийи Тоҷикистон (ТадАЗ) расман ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷикистон» (TALCO) табдили ном кард. Табдили номи ширкат ба ҳадафи тақвият ва боло бурдани нуфузи соҳаи алюминийи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ , инчунин ба хотири идомаи босамари дигаргунсозиҳои сохтории ба нафъи истеҳсолот дар корхона оғознамуда сурат гирифтааст. Дар ин хусус Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 бо имзои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст.