• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Фардо

Муҳимии мутобиқат гардидани корхонаи миллии алминийро ба шароити роҳандозии тиҷорати қобили рақобат, зарурати татбиқи технологияҳои нав ва вусъат додани самтҳои фаъолияти истеҳсолиро дарк намуда, роҳбарияти ТАЛКО мақсадҳои стратегии каммуҳлат ва дарозмуҳлати ширкатро муайян карда, нақшаҳои дурнамои ҳалли онҳоро таҳия менамояд.

Айни замон ТАЛКО ду лоиҳаи азимро амалӣ менамояд. 

Лоиҳаи якум, ки татбиқи он амалан анҷом ёфтааст, Барномаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ҳадафи аслии он ҷалби потенсиали саноатии ватанӣ ба доираи истеҳсолоти алюминий мебошад. Феълан зиёда аз 60 фоизи тамоми таҷҳизоти зарурии истеҳсоли алюминий ва қисмҳои эҳтиётӣ дар заминаи корхонаҳои кишвар сохта мешавад. Дар марҳилаи феълии татбиқи барнома  аллакай зимни сикли истеҳсолии ТАЛКО хароҷот хеле кам шуда, маҳсулнокӣ ва судоварии корхона афзуда, ҳамчунин зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст. Пайваста ба ин, раванди ҳамгироии фарогири тайёркарди маснуот ва унсурҳои  дигари истеҳсолии  таҷҳизоти истеҳсолоти алюминий дар корхонаҳои Тоҷикистон тибқи  супоришоти ТАЛКО ба рушди корхонаҳои саноатии кишвар тавассути дастгирии истеҳсолию молиявии онҳо таъсири мусбат мерасонад. 

Ҷанбаи дигари фаъолонии сиёсати ширкати алюминийи тоҷик афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маснуот аз алюминий мебошад, ки низ уфуқҳои ҳамкории мутақобилан судмандро ба асоси кооператсияи истеҳсолӣ бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла, ҶСП «Регаркабел», ҶСК «Доро оҳангар», ДПМТО «Тоҷикэнергоснаб», ҶММ «Шоҳон» ва ғ. густариш мебахшад. Айни замон ТАЛКО бо зиёда аз 30 корхонаи ватанӣ ҳамкорӣ менамояд.

Лоиҳаи дуюм татбиқи «Барномаи гузариши ТАЛКО ба ашёи хоми маҳаллӣ»-ро дар бар мегирад. Мӯҳлати амалӣ шудани барнома 5 сол буда, баъди он корхона тақрибан 60% бо гилхоки маҳаллӣ, фториди алюминий, криолит, маҳсулоти ангиштсангӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мегардад. Маълум аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба нафъи ширкат мебошад, зеро айни замон қариб 90% ашёи хом ва таҷҳизоти зарурии корхона аз хориҷи кишвар оварда мешавад, танҳо барои ҳамлу нақли гилхок тавассути баҳр ва роҳи оҳан ТАЛКО солона беш аз $250 млн. сарф менамояд.

Барнома ҳамроҳи ширкати муҳандисию сохтмонии канадагии «Hetch» бо ҷалби мутахассисони тоҷик амалӣ мегардад ва таъсис додани корпоратсияи кимиёвию металлургии Тоҷикистонро (ККМТ) пешбинӣ менамояд, ки ба он корхонаҳои истеҳсоли содаи каустикӣ, криолит, гилхок, фториди алюминий, коркарди антратсит ва корхонаи семент шомил мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамроҳи «Корпоратсияи миллии мошинсозии вазнини Чин» (China National Heavy Machinery Corporation) алҳол бунёди ду корхонаи истеҳсоли фториди алюминий ва криолит дар шаҳри Ёвон дар арафаи анҷомёбист.

Ҳадафи аслии барнома дар он нуҳуфтааст, ки ККМТ дар зимн раванди технологии коркарди ашёи хоми маҳаллиро барои саноати алюминий ба таври комил фаро гирифта, Маркази барқу гармидиҳии Ёвонро ба иқтидори пурраи лоиҳавӣ таъмин месозад. Дар як ҳудуд ҷамъ овардани тамоми зинаҳои истеҳсолот ва мавҷуд будани манбаи нерӯи барқи худӣ имкон медиҳад, ки ТАЛКО ва дигар корхонаҳои иштирокдори лоиҳа фоидаи зиёд ба даст оранд.

Татбиқи барномаи гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ имкон медиҳад, ки  беш аз 15 ҳазор ҷойи кори иловагӣ таъсис дода шавад.

Тибқи арзёбии қаблӣ арзиши умумии лоиҳа 2,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. Як қатор бонкҳои хориҷӣ аллакай хоҳиши иштирок дар сармоягузории он намудаанд. Назари ташхисии мутахассисони ширкат ин аст, ки хароҷоти вобаста ба амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур тӯли се сол бароварда мешавад.