• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Идораи корпоративӣ ва сохтор

Идора

Пас аз таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) дар моҳи апрели соли 2007 ислоҳоти сохтори идораи корхонаи алюминийи тоҷик амалӣ карда шуд. Оинномаи он тағйир ёфта, тибқи он идораи корхонаро Шӯрои Директорон анҷом медиҳад. 

Нӯҳ мудирият ва як сохтори фаръӣ бо ваколатҳои муайян таъсис дода шуд.  

Қарордодҳои асосӣ бо шарикон танҳо пас аз тасмимгирии Шӯрои Директорон баста мешавад. 

Ширкат Шӯрои Нозиронро таъсис додааст, ки ба он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳукуматӣ, парламент, мудириятҳои ширкат ва дигарон шомил шуданд. Ваколат ва масъулияти аъзоёни Шӯрои Назорат таҳияи нақшаи стратегии рушди ТАЛКО, тақвияти идораи корпоративӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти онро пешбинӣ менамояд..

Сохтор

ТАЛКО  ширкати пешсафи саноатӣ буда, ҳар кадом корманди он мутмаин аст, ки ҳамагӣ дар ҳамбастагӣ кореро ба анҷом мерасонанд, ки барои иқтисоди кишвар ниҳоят муҳим, пураҳамият ва тақозошаванда мебошад.. Он ширкатест, ки дар ҳама бобат ҳамкории тамоми коллектив, таҷрибаи азими кор, менеҷменти касбӣ, низоми нодири пешрафти кормандон, фарҳанги таҳкимёбандаи корпоративиро ба асос мегирад. Сохтори ширкат тавони зиёди рӯ ба натиҷаҳои баланди дар пешсаф қарор доштанро соҳиб буда, тамоми имкониятҳоро баҳри ноил омадан ба он соҳиб мебошад..