• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Имрӯз

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда низоми менеҷменти сифат ISO-9001: 2008-ро ҷорӣ намуд ва ягона ширкати ҷумҳурӣ аст, ки сертификат гирифта, аз рӯи низоми мазкур амал менамояд. Қарори ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» додани сертификати мазкур аз рӯи натиҷаҳои аудит, ки ширкати «SGS» баргузор намуд, қабул карда шуд. Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои бонуфузи ин соҳа ба шумор рафта, дар тамоми ҷаҳон беш аз сад ҳазор аудит гузаронидааст. Моҳи марти соли 2010 ва июли соли 2013 тибқи натиҷаҳои аудити назоратии аз ҷониби «SGS»  баргузоргардида ба мутобиқати стандарти байналмилилааии ISO-9001:2008 (СМК)  «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  таъйиди сертификати сифатро соҳиб гардид. 

Мавҷуд будани сертификат яке аз талаботҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат буда, шаҳодати ба сафи ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дохил шудани корхонаи алюминийи тоҷик аст. Он ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имкон дод, ки маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ бомуваффақият ба рақобат гузорад. 

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона имрӯзҳо ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Исботи он соҳиби ҷоизаҳои намоён гардидани ширкат дар соли 2008 мебошад. Чунончи, Ширкати Алюминийи Тоҷик бо ҷоизаи байналмилалии «Корхонаҳои беҳтарини Аврупо» («Best Enterprises of Europe») сарфароз гардонида шуд. Кумитаи Кумитаи Ассамблеяи тиҷорати аврупоӣ (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) ба ширкат барои рушди мунтазам дар соҳаи худ ҷоиза тақдим намуд. 

Ғайр аз ин соли 2008 ширкат соҳиби ҷоизаи байналмилалии «European Quality» («Сифати Аврупо») гардид. Ба ҷоизаи мазкур корхонаҳое қадр карда мешаванд, ки маҳсулоти онҳо ба нишондиҳандаҳои баланди сифат мувофиқ буда, қобили рақобат ҳастанд, ба онҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки дар ҳуҷҷатҳои корӣ ва боркоғази маҳсулот рамзи мувофиқро ҷой диҳанд. 

Аз моҳи августи соли 2010 корҳои марбут ба сертификатонии Ширкати Алюминийи Тоҷик тибқи низоми ҳамгироии менеҷмент, ки стандартҳои байналмилалии иловагии ИСО-14000 и ОHSAS-18000-ро дар бар мегирад, оғоз гардида, дар моҳи июли соли 2013 анҷом ёфт. Ҳамин тарик, Ширкати Алюминийи Тоҷик аввалин истеҳсолкунандаи алюминийи аввалия дар Осиёи Марказӣ ва аввалин корхонаи саноатии Тоҷикистон соҳиби сертификате гардид, ки  таъйидкунандаи мутобиқати низоми идораи экологии корхона ба стандарти байналмилалии ИСО-14000 буда, он мутобиқ будани фаъолияти корхонаро ба стандартҳои экологӣ ифода менамояд. 

Ширкати Алюминийи Тоҷик бо ширкатҳои машҳури ҷаҳон, чун Hydro Aluminium (корпоратсии фаръии Norsk Hydro)- и Норвегия, «Talco Management Limited» (Ҷазираи Вирҷинаи Бритониё), «Noble Resources Limited» (Гонконг), «Glencore International AG» (Швейтсария), «Alaska Metals AG» (Швейтсария) и ғайра ҳамкорӣ менамояд. 

Сарфи назар аз он ки ширкати шарик "Таlco Management Limited" берун аз марзи кишвар фаъолият дорад, активҳои он ба бонки Тоҷикистон ирсол мешаванд. Барои вазъи молиявии кишвар, ки ба асъор эҳтиёҷи беандоза дорад, ин хеле муҳим аст. 

Натиҷаҳои аудити молиявии ҳарсолаи баргузорнамудаи ширкати аудитории «MooreStephens» шуруъ аз соли 2010 нишон доданд, ки дар фаъолияти молиявии ТАЛКО дар давраи аз соли 2006 то соли 2010 ҳамчунин камбудиҳои ҷиддӣ ҷой надоранд, низоми кори ширкат рақобатпазир буда, фаъолияти истеҳсолии он дар дурнамо номураттабӣ надошта, ба талаботи стандартҳои байналмилалии низоми менеҷмент ва савдо мувофиқат менамояд.

Аудиторҳо қайд намуданд, ки ширкати алюминий уҳдадориҳои худро дар назди буҷети мамлакат мунтазам ва дар ҳаҷми пурра ба ҷо меорад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ширкат дар солҳои ҳисоботӣ тибқи натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ фоидаи соф ба даст даровард.

Хулосаи муҳими ҳисоботи аудитории ширкати «МooreStephens» нисбат ба ТАЛКО тасдиқи шаффофияти ширкат, рақобатнокии сохтори тендерии хариду фуруши маҳсулоти он ва мутобиқатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбанд.

Дар соли 2009 дар заминаи Ширкати алюминийи тоҷик Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металулргия таъсис дода шуд, ки мақсади он ба роҳ мондани технологияи истифода бурдани партовҳои истеҳсолӣ, инчунин баргузор намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ тибқи технологияҳои нав мебошад.

Ба яке аз тадбирҳои муҳим Нақшаи чорабиниҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикии таҷҳизоти асосӣ ва хаттҳои истеҳсолии ТАЛКО- ро низ шомил гардонидан мумкин аст, ки он аз ҷониби менеҷменти ширкат оид ба натиҷаҳои аудити энергетикӣ таҳия шуда, дар соли 2012 аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Зарурати навсозии техникии корхонаи алюминбарориро ҳам аз нуқтаи назари таъмини бехатарии истеҳсолот, таъминоти энергия, ҷавобгӯйи талаботи экология будан, ҳам муҳимии таъмин гардонидани ширкат ба рақобатнокии хусусӣ дар бозори ҷаҳонии алюминийро дарк намуда, ширкати ТАЛКО танҳо дар 5 соли охир ба ин мақсад маблағҳои пулиро ба миқдори 464,1 млн. сомонӣ ирсол намуд.

Бояд хотирнишон намуд, ки мутахассисони ширкат бо ташаббус ва супориши роҳбарияти худ дар тӯли се соли охир баҳогузории экспертии ҳолати техникии таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи алюминбарориро мустақилона баргузор намуданд ва онҳо фаъолона ба кори гуруҳи аудитории Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии ширкати норвегии Norsk Energi ҳамроҳ шуданд, ки ба он инчунин SINTEF Materials and Chemistry, ЭСКО Энергоинжиниринг ва Тоҷикгидро шомил гардиданд, зимни он маҷмӯи таклифҳои дар ин давра аллакай тайёрро ба аудиторҳои байналмилалӣ пешниҳод намуданд. Дар анҷом имконият фароҳам омад, ки дар муҳлатҳои камтарин тадбирҳои афзалиятноки марбут ба сарфаи энергия дар истеҳсолоти алюминий муайян гардад ва Нақшаи амал омода ва зимнан қисми зиёди тавсияҳои мутахассисони ТАЛКО ҳамроҳ карда шавад.

Соли 2012 ширкат ба татбиқи барномаи гузариш ба истеҳсоли аноди пухта бо истифодаи гази синтезӣ, ки аз ангишти маҳаллӣ ҳосил карда мешавад, шуруъ намуд. Ба ин мақсад таҷҳизоти газогенератории баландтехнологияи мутобиқи стандартҳои байналмилалии экологии ҳосил кардани гази синтезӣ аз ангишт васл намуда, ба кор андохта шуд. Айни ҳол кори сехи газогенераторҳо имкон медиҳад, ки истеҳсолоти алюминий дар ҳаҷми пурра бо «сӯзишвории кабуд» таъмин карда шавад.

Дар доираи татбиқи стратегияи ТАЛКО оид ба муҳайёсозии шароити заминавии худтаъминии корхона бо ҷузъҳои асосию ёрирасони истеҳсоли алюминий дар соли 2013 ширкат тариқи лизинг 33 автошашинаи самосвали нави иқтидори борбардориашон 25-тоннагӣ ва 2 адад дастгоҳи боркунии чархдорро бо ҳаҷми дӯлаш 3м3. дастрас намуд..Техникаи мазкур барои таъмини таҳвили ангишт аз кони «Фон Яғноб»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи алюминийи Тоҷик пешбинӣ шудааст.Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз моҳи марти соли 2013 барои коркарда ангишти баландсифат дар кони мазкур ба «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ду қитъа – «Ҷиҷикрут» ва «Конте» ҷудо карда шудааст. 

Дар оянда ТАЛКО дар доираи барномаи худ оид ба гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ ба нақша гирифтааст, ки аз ангишти дар «Фон Яғноб» истихроҷшавандаи 95%-аш  коксӣ пеки ангиштсангӣ ва кокси рехтагарии металлургии дар истеҳсоли аноди пухта зарурӣ истеҳсол намояд.,