• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Дар бораи ширкат

«Заводи алюминийи Тоҷикистон  – шиносномаи саноати Тоҷикистон»

(Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли заҳмати  Заводи алюминийи Тоҷикистон  5 апрели соли 2000 гуфта шудаанд, аҳамияти корхонаи азамати саноатиро дар миқёси давлатӣ ниҳоят дақиқ инъикос менамояд.. 

Заводи алюминийи Тоҷикистон –яке аз корхонаҳои ниҳоят қудратманди кишвар - дар ҷараёни рушду пешрафти худ моҳи июли соли 2007 соҳиби мақоми нави истеҳсолии ҷавобгӯйи талаботи муосир – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) гардид.

Имрӯз ТАЛКО ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро дар ҷумлаи ширкатҳои аз ҳама босуръат рушдкунандаи Тоҷикистон, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.