• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Стратегия ва вазифа

Принсипҳои стратегии ширкат  таъмини босубот ва динамикии рушди истеҳсолот, рӯоварӣ ба технологияи навтарин, таъсиси шароити ҳавасмандкунандаи тамоми кормандон ба рушди салоҳияти касбиро пешбинӣ намуда, имкон медиҳад, ки ширкат рақобати баробари худро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин намуда,  мавқеи пешсафиро дар тиҷорати байналмилалӣ ба даст орад. 

Нуктаи калидии стратегияи ТАЛКО ба масъулияти ширкат дар назди ҷомиа асос ёфта, инҳоро дар назар дорад:

  • фаъолияти муваффақонаи истеҳсолӣ,
  • таъмини кафолати иҷтимоӣ бобати нигоҳдории инфрасохтори ширкат ва минтақаи ҷойгиршавии он,
  •  диққат ба амнияти экологӣ,
  • ғамхорӣ оид ба саломатии кормандони ширкат ва аҳли оилаи онҳо. 

Вазифаи ширкат мусоидат ба рушди иқтисодӣ, некуаҳволӣ ва суботи иҷтимоии кишвар, вусъати иқтидорҳои истеҳсолии ширкат, рушди самараноки соҳаи алюминийи Тоҷикистон, ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон мебошад.