• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Сабзиш

Коллективи ТАЛКО –фонди тиллоии ширкат

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ҳамеша бо коллективи меҳнатии тифоқу муттаҳиди худ, ки супоришҳои мушкилтарини истеҳсолиро саривақт ҳал менамояд, машҳур буд. Коргарону мутахассисони баландихтисос – «варақаи боздид»-и корхонаи мо. 

Дар сиёсати кадрии худ ширкат бештар ба рушди масъулияти касбии кормандон, шинос кардани кормандон бо таърих ва анъанаҳои корхона, таъсис додани муҳити мусоиди психологӣ дар коллектив диққати махсус медиҳад. 

Мо бо кормандони худ ифтихор менамоем ва дастовардҳои баланди меҳнатиро қадр мекунем: ҳар сол иди касбӣ – Рӯзи металлургҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин чорабинӣ сурати кормандони беҳтарин дар Лавҳаи ифтихори корхона овехта мешавад, коллективҳои сехҳо ва шӯъбаҳое, ки ғолиби мусобиқаи меҳнатии корхона гардидаанд, мукофотонида мешавад, ба беҳтаринҳо унвони «Лауреати КВД ТАЛКО» дода мешавад. 

Фонди тиллоии корхонаро шахсоне ташкил медиҳанд, ки солҳои зиёд дар ширкат софдилона меҳнат мекунанд. Ба чунин шахсон унвони «Собиқадори меҳнат» дода мешавад. Собиқадорон таърих ва анъанаи корхонаи мо мебошанд. 

Меҳнаткашоне, ки натиҷаҳои баландтарини истеҳсолиро ноил гардидаанд, ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ карда мешаванд. 

ТАЛКО бо ҷоизаҳои байналмилалӣ низ сазовор гардонида шудааст, ки ба коллективи корхона барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифат дода шудааст – «Корхонаи беҳтарини Аврупо» («BestEnterprisesofEurope») ва «Сифати аврупоӣ» («EuropeanQuality»).

Дар корхона коргарҷавонони шоиста меҳнат мекунанд, ки ояндаи ширкатро муайян менамоянд. Бинобар ин диққати махсус ба корҳо бо ҷавонон дода мешавад, дар истеҳсолот коргарҷавонон ба мутахассисон вобаста карда мешаванд, барои рушди касбӣ ва шахсии онҳо тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар корхона донишкадаи мураббигӣ амал менамояд. Ба такмил додани тахассуси касбӣ ва ба вазифаҳо таъин намудани ҳама категорияи кормандон низоми таълими дохиликорхонагӣ ва берунаи дар корхона амалкунанда мусоидат менамояд. Ба мақсади баланд бардоштани нуфузи касбӣ барои коргарону мутахассисони ҷавон озмуну чорабиниҳо баргузор карда мешаванд. 

Маҳсулоти муносибро танҳо шахсони арзанда истеҳсол менамоянд. Муваффақият дар кори даставӣ мебошад, ки меҳнати ҳар нафар қадр карда мешавад.

Мо тамоми чораҳоро меандешем, то ки ҳар нафар аз раванди истеҳсолот на танҳо бо маблағ таъмин шавад, балки қаноатмандии маънавӣ, рӯҳӣ ва эстетикӣ гирад.