• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Ҳамкорӣ бо макотиби олӣ

Мутахассисони звенои ибтидоӣ барои эҳтиёҷоти корхона дар Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода ва мутахассисони маълумоташон олӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд. 

Аз соли 2000 дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Москва оид ба таълими фосилавӣ – Маркази омӯзиши фосилавӣ кушода шуд, ки кормандони истеҳсолоти электролиз ва рехтагарии корхона дар он таҳсилоти олӣ ва тахассус мегиранд. Соли 2006 авввалин донишҷӯён бо тахассуси «Истеҳсолоти рехтагарии филизоти сиёҳ ва ранга» филиалро хатм намуданд.

Ба кормандони корхона имконият дода шудааст, ки дар шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тахассуси худро такмил диҳанд.

Айни замон ТАЛКО дар омода намудани мутахассисон барои корхона бо филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотию технологӣ «МИССиС» дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дорад. Кормандони корхона дар факултаҳои шӯъбаи ғоибона: «Истеҳсолоти рехтагарии филизоти сиёҳ ва ранга», «Иқтисодиёт ва идора дар корхона» таълим мегиранд. 

aХатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар Ширкати Алюминийи Тоҷик бомуваффақият меҳнат мекунанд.