• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Кор дар ТАЛКО

ТАЛКО – ширкати бузургтарин дар Тоҷикистон. Дар корхона беш аз 10 ҳазор нафар кор мекунад. 

ТАЛКО – ширкати зуд рушдкунанда дар Тоҷикистон. Мақсадҳои стратегии он: рушди бонизом, аз худ кардани бозорҳои нав, инкишоф додану аз худ кардани потенсиали захиравии дохилӣ, таҳияи технологияи нав. Дар ширкат ташаббускорӣ қадр карда мешавад, он барои ғояҳои пешқадам пешбинӣ шуда, ҳамеша омода аст, ки барои таҷассум намудани онҳо мусоидат намояд.  

Дар ТАЛКО ба ҷустуҷӯи мутахассисони беҳтарин, таъсис додани шароит барои рушди касбии кормандон ва ба вазифаҳо таъин намудани онҳо, пешниҳод намудани кафолатҳои иҷтимоӣ ва дастгирӣ намудани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. 

Мо ифтихор аз он дорем, ки дар солҳои фаъолияти худ ширкат тавонист дар атрофи худ яке аз дастаҳои баландкасбиро дар Тоҷикистон муттаҳид намояд.