• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Коромӯзӣ

Мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсусро хатм кардаанд, ба корхона ба сифати коргар мутобиқи маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусӣ (МЯТТ) фиристода мешаванд. Баробари ба корхона омадан ба мутахассисони ҷавон мӯҳлати озмоишӣ (аз як то ду сол) муқаррар карда мешавад. Дар ин муддат онҳо ӯҳдадоранд, ки курси таълими ибтидоиро (шиносоии пурра бо корхона) гузаранд. Ғайр аз таълим барои мутахассисони ҷавон коромӯзӣ дар бахшҳои корхона дар муддати як сол  пешбинӣ шудааст (СТК корхона «Системаи маҷмӯии идораи кормандон. Интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кормандон. Коромӯзии мутахассисони ҷавон»).

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълим буда, ба мақсади рушди минбаъдаи малакаи дар таълими назариявӣ омӯхташуда хизмат мекунад. Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ шинос намудани таҷрибаомӯзон бо ташкили фаъолияти истеҳсолии корхона амалӣ мегардад.

Донишҷӯёни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода ва хонандагони литсейи касбӣ-металлургӣ тибқи фармонҳои корхона мунтазам таҷрибаомӯзии таълимию шиносоӣ, технологӣ ва пешаздипломиро дар корхона мегузаранд.

Ҳамаи таҷрибаомӯзон ба мутахассисони соҳибтаҷрибаи бахшҳои сохторӣ ва шӯъбаҳои корхона вобаста карда мешаванд.

Баргузории таҷрибомӯзиро ҳам ҷониби муассисаи таълимӣ ва ҳам роҳбарияти шӯъбаи омодасозии ҳайати кормандон назорат мекунанд. Аз рӯйи натиҷаҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода ва хонандагони литсейи касбӣ-металлургӣ бо иштироки намояндагони ҳар ду ҷониб «мизи мудаввар» баргузор карда мешавад.