• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Омодагии касбӣ

Қувваи кории соҳибмаърифат ва соҳибтахассус омили муҳимтарини рушди иқтисодӣ ва рақобатпазир дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт мебошад. Аз ин лиҳоз, омодагии касбӣ шарти зарурии рушди иқтисодиёт мебошад. Омодагии касбӣ дар ТАЛКО мутобиқи Низомнома дар бораи шӯъбаи омодасозии ҳайати кормандон, стандарти корхона СТК 021.18.13 «Низоми маҷмӯии идораи кормандон. Омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо. Тартиби кори комиссияи тахассусӣ барои РМваХ, коргарон. Тартиби пардохти музди кор барои таҳсили кормандон» баргузор карда мешавад. 

Таълими касбии кормандони корхона яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини самаранокии фаъолияти коллективҳои меҳнатӣ аст. 

Таълими касбии дохиликорхонагии коргарон, роҳбарон ва мутахассисони корхона дар тамоми муддати фаъолияти меҳнатӣ баргузор гардида, мақсади такмили доимӣ ва амиқ омӯхтани дониш, малакаву маҳорат дорад, ки натиҷаи он бояд рушди маҳсулнокии меҳнат ва такмили сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда гардад. Такмили мунтазами тахассус ӯҳдадории мустақими ҳар як корманд мебошад.

Тибқи нақшаи таълими касбии кормандон дар корхона ҳар сол беш аз 2500 нафар коргар ва 300 нафар  роҳбарону мутахассисон таълим мегиранд. 

Аз лиҳози таъиноти истеҳсолию техникӣ дар омодасозии касбии коргарон дар корхона намудҳои зерини таълим пешбинӣ шудаанд:

  • - омода намудани коргарони нав, бозомӯзӣ;
  • - ба коргарони соҳибтахассус омӯзонидани касби дуюм (касбҳои муҷовир);
  • - такмили тахассус. 

Барои роҳбарону мутахассисони корхона, пеш аз ҳама, ба такмили тахассуси онҳо диққати махсус медиҳад. Таълимҳо дар курсҳои зерин сурат мегиранд:

  • - курсҳои таъиноти мақсаднок;
  • - мактаби хоҷагидорӣ;
  • - мактаби роҳбари ҷавон.

Сифати дониши шунавандагони курсҳои доимамали омодагии касбии кормандон бештар аз рӯйи ҳайати роҳбарону мутахассисони ба кори педагогӣ ҷалбшуда муайян карда мешавад.

Ҳайати кадрҳои педагогӣ аз ҷониби комиссияи методии бахшҳои сохторӣ муайян гардида, мудирияти корхона тасдиқ мекунад.