• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Ба инвесторон

Принсипҳои дурнамои ширкат  таъмини босуботи рушди истеҳсолотро, ки ҳадафи он истифодаи технологияи навтарин аст, таъсиси шароитеро, ки ба рушди салоҳияти касбии кормандон мусоидат менамояд, пешбинӣ менамояд. Ин имконият медиҳад, ки ширкат рақобатпазирии худро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин намуда,  мавқеи пешсафиро дар тиҷорати байналмилалӣ ба даст орад. 

Нуктаҳои калидии дурнамои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) масъулияти ширкат дар назди ҷомиа асос ёфта,  инҳоро дар бар мегирад:

  • фаъолияти муваффақонаи истеҳсолӣ;
  • таъмини кафолати иҷтимоии таъминоти инфрасохтори корхона ва минтақаи ҷойгиршавии ширкат;
  • диққат ба амнияти экологӣ;
  • ғамхорӣ оид ба саломатии кормандони ширкат ва аҳли оилаи онҳо.

Вазифаи ширкат мусоидат ба рушди иқтисодӣ, некӯаҳволӣ ва суботи иҷтимоии кишвар, вусъати иқтидорҳои истеҳсолии ширкат, рушди самараноки соҳаи алюминийи Тоҷикистон, ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. 

Вазифаи ширкат - мусоидат ба рушди иқтисодӣ, некӯаҳволӣ ва суботи иҷтимоии кишвар, вусъати иқтидорҳои истеҳсолии ширкат, рушди самараноки соҳаи алюминийи Тоҷикистон, ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон. 

Принсипҳои ҳамкории ширкат: 

Асоси муносибатҳои тарафайни ТАЛКО бо шарикони тиҷоратӣ – Эътимод, Эҳтиром, Шаффовият ва Фаъолияти ошкоро.

Барои таъмини кооператсияи наздик бо ҷомеаи сармоягузорон ТАЛКО саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки: 

  • дар бораи навгониҳои ширкат, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва амалиётӣ, инчунин нақшаҳои рушди минбаъда саривақт ва муфассал иттилоъ бидиҳад;
  • низоми идораи корпоративиро ба роҳ монад, ки мавқеи устувор ва дарозмуддати ширкатро дар бозори ҷаҳонии алюминийи таъмин менамояд;
  • қобилияти ба ҳадди ниҳоӣ истифода бурдани афзалиятҳои рақобатиеро, ки дар ширкат мавҷуданд, ба намоиш гузошта, ба ҳадафҳои пешгузошта доимо комёб гардад; 
  • иқтидорҳои илмию техникиро фаъолона инкишоф дода, технологияи пешқадамро таҳия намояд, то ки баъдан татбиқи минбаъдаи худро биёбад; 
  • иқтидорҳои саноатӣ ва корхонаҳои  навро, ки дар соҳаи экология, ҳифзи меҳнат ва амнияти саноатӣ  бо стандартҳои баланд  тафовут доранд, ба кор андозад;
  • ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа бо иштироки худ ва умуман кишвар  тавассути ба кор андохтани истеҳсолоти нав ва амалӣ кардани барномаҳои сармоягузории иҷтимоӣ мусоидат намояд. 

Стратегияи тиҷоратии ТАЛКО: 

Дар доираи дурнамоҳои кӯтоҳу миёнамуҳлати ширкат таъмини инҳо дар назар дошта шудааст: 

1.Иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва техникию иқтисодӣ.

2. Рӯй овардан ба  бозорҳои дохилӣ, ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ.

3. Истеҳсол ва фурӯши алюминийи баландсифат ба мақсади ба даст овардани фоида барои рушди ТАЛКО ва нумӯи он то сатҳи ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ; 

4. Вусъати доимии иқтидорҳои истеҳсолӣ. 

Ба дурнамои дарозмуддат: 

5. Амалӣ намудани лоиҳаҳои иннватсионӣ ва сармоягузорӣ барои таҳким ва рушди металлургияи ранга ба мақсади коҳиш додани ҳаҷм ва дараҷаи вобастагӣ аз воридоти ашёи хом барои ТАЛКО ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолию содиротӣ. 

Шурӯъ аз  солҳои 207-2008, вақте ки аввалин аломатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ пайдо гардиданд ва якбора коҳиш ёфтани нархи ҷаҳонии алюминий ба мушоҳида расид, ТАЛКО ба амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронӣ шурӯъ намуд, ки он гузариши соҳаи алюминийи кишвар ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, таъсиси пойгоҳҳои худии таъмини ашёи хом ва энергетика, аз ҷумла, аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои сарфаи энергетикаро дар назар дошт.  Тадбирҳои мазкур, ба ақидаи менеҷменти ширкат, имкон фароҳам меорад, ки дигаргунии воқеиро дар самти афзоиши ҳаҷми назарраси маҳсулот ва таъсиси истеҳсолоти наве, ки ба технологияи пешқадам заминагузорӣ шудааст, таъмин намояд. 

Фаъолияти минбаъдаи корхонаи азамати индустриалӣ –ТАЛКО-ро, ки парчамбардори саноати миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар сурате метавон таъмин намуд, ки агар ширкат воқеан соҳиби инҳо бошад: 

1.захираҳои асосии ашёи хоми истеҳсоли ватанӣ;

2. нерӯи барқи худӣ;

3. истеҳсоли алюминий, анодҳои пухта ва маҳсулоти дигари тайёр, ки ба дастовардҳои илм ва технологияи  пешқадам асос ёфтааст.

Иқдомоти ТАЛКО оид ба таҳия ва амалӣ намудани қаррҳои иннватсионӣ:

Иқдоми аввал- лоиҳаи инвеститсонии мақсадноки «Гузариши ТАЛКО ба истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ» (Талкозахира). 

Иқдоми дуюм - лоиҳаи инвеститсонии мақсадноки «Сохтмони муҷтамаи гилхок аз маъданҳои таркибашон алюминийдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи якчанд кон. 

Иқдоми сеюм- лоиҳаи санҷишӣ: «Таъсиси ширкати нави энергетикию металлургӣ» (Рушди ТАЛКО). 

Иқдоми ниҳоӣ- лоиҳаи инвеститсионӣ: «Таъсиси Технопарк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». 

Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ширкат бобати ҷалби маблағҳои пулӣ кор мебарад. Шаротҳои муҳим ва принсипиалӣ диверсификатсияи инвеститсияҳои хориҷӣ дар барномаи ТАЛКО мебошад.