• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Мутахассисон ва коршиносони ширкат таҷрибаи байналмилалии рушди соҳаи алюминийро ба асос гирифта, таҳлили муқоисавии ҳолати ҷории ТАЛКО ва корхонаҳои мушобеҳи кишварҳои дигарро дар солҳои охир баргузор намуданд. Таҳлил нишон дод, ки тадбирҳои андешидаи роҳбарияти ТАЛКО айни замон шароите фароҳам меорад, ки фаъолияти мӯътадилу ҳаётии ширкат онро талаб намуда, истеҳсолоти алюминийи кишварро бо ашёи хом ва мавод аз ҳисоби воридот таъмин месозад. Аммо мушкилоти асосӣ аз он иборат аст, ки омада расидани ашёи хом то истеъмолкунандаи худ – корхонаи алюминийи тоҷик, чунон ки фасоҳатан мегӯянд, он «тиллоӣ» мегардад. 

Дар чанд соли охир ҳамроҳи саридораи геология ва шарикони хоиҷӣ конҳои гилхокдори сиенити нефелинӣ («Турпи»,  Девонасу» и «Тутек»), маъданҳои мусковитӣ ва ставропитӣ («майдони Курговад») мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Коркарди конҳои мазкур имкон медиҳад, ки ТАЛКО ва корхонаҳои нави он бо ашёи хоми асосӣ, дар навбати аввал бо гилхоки истеҳсоли ватанӣ ба муддати чанд садсола таъмин карда шавад. 

Дар чунин шароит зарурати гузариши ширкати пешбари содиротии кишвар – ТАЛКО ба истифодаи васеи захираҳои фаровони  ащшёи хоми ватанӣ ба миён омадааст. Роҳбарияти ширкати алюминий ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифот, андешаҳои навоварӣ ва  муносибат нисбат ба фаъолнокии сектори алюминий ва тағйироти комили онро пешниҳод намуд, ки дар сатҳи хеле баланд мустақиман  дастгирӣ ёфт. 

Ба мақсади таҳия ва амалӣ кардани таклифоти инноватсионӣ, ҷалби фаъоли сармоягузорони хориҷӣ роҳбарияти ТАЛКО ва ширкатҳои фаръии он, ҶСК «Сомон Капитал», ширкатҳои дигари ватанию хориҷӣ- шарикон ва инвесторон соли 2008 гурӯҳи махсуси корӣ (ГМК ТАЛКО) таъсис доданд. ГМК ТАЛКО бо ҷалби мутхассисони байналмилалӣ якчанд барномаи инноватсионӣ ва лоиҳаҳои инвеститсиониро  қадам ба қадам  таҳия намуданд. Дар лоиҳаҳои мазкур мақсад гузошта шуда буд, ки вазифаи баландпарвозона, вале комилан иҷрошаванда – таъмини ТАЛКО бо ашёи хом ва ҷузъҳои зарурӣ, инчунин дар мавриди фаровонӣ – ба роҳ мондани содироти он таҳия ва ҳаллу фасл карда шавад.  

ГМК пакети ҳуҷҷатҳои қабл аз инвеститсионии ҳар лоиҳа (таклифоти инвеститсионӣ, муаррифӣ бо ҳисоби арзиши софи овардашуда дар асоси маблағҳои озоди пулӣ ва ғ.)  омода, бо шарикон муҳокима ва  ба сармоягузорони бисёри хориҷӣ  пешниҳод намуд. Роҳбарияти ТАЛКО ва ҶСК «Сомон Капитал» бо ҷонибҳои манфиатдор гуфтушунид ва вохӯриҳо баргузор намуданд, бо чанде аз сармоягузорони бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия,  Ҳиндустон, Канада ва кишварҳои Аврупо ёддошти ҳусни тафоҳум ва созишномаҳо оид ба ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои инвеститсионӣ, инчунин Шартномаи пешниҳоди хизматрасониҳои маслиҳатӣ бобати таҳия ва қабули қарори инвеститсионӣ оид ба амалӣ кардани лоиҳаҳои мазкур ба имзо расонида, ба татбиқи амалии он шурӯъ намуданд. 

I. Лоиҳаи инвеститсионии мақсаднок: «Гузариши ТАЛКО ба истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ» (Талкозахира), ки соли 2008 таҳия гардидааст. Муаррифии лоиҳа дар шаҳри Ёвон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарои вазорату идораҳои манфиатдори кишвар, корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва инситутҳои молиявӣ баргузор гардид.  

Лоиҳаи мазкур, ки барои  татбиқ қабул гардида, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, истеҳсоли ҳаҷми зарурии захираҳои тайёрро барои эҳтиёҷоти ТАЛКО пешбинӣ менамояд, аз якчанд зерлоиҳа иборат мебошад. Натиҷаи он истихроҷ ва истеҳсоли ҳаҷми ҳисобии маҳсулот дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ (ватанӣ) ва маҳсулоти тайёр дар як сол ба андозаҳои зерин мебошад: 

  • Истеҳсоли сиенит  нефелинӣ – 6-6,5 млн. тонна;
  • Истеҳсоли гилхок – 1,0 млн. тонна;
  • Истихроҷ ва коркарди  флюорит (97-98%) – 45,0 ҳаз. тонна;
  • Истеҳсоли  криолит – 12,0 ҳаз. тонна;
  • Истеҳсоли фториди алюминий – 18,0 ҳаз. тонн;
  • Истеҳсоли блокҳои катодии ангиштиб графитӣ – 10,0 ҳаз. тонна;
  • Истеҳсоли кислотаи сулфат (98%) – 100,0 ҳаз. тонн.

Айни ҳол, сохтмони корхонаи криолит ва фториди алюминий дар арафаи анҷомёбист. 

II. Лоиҳаи инвеститсионии мақсаднок: «Сохтмони Муҷтамаи гилхок аз маъданҳои алюминийдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар заминаи якчанд кон. Захираи қаблии пешбинишавандаи конҳо даҳҳо миллиад тоннаро ташкил медиҳад. Илова бар ин дар конҳои мазкур маҳсулоти иловагӣ мавҷуд мебошад. Бо супориши роҳбарияти ТАЛКО, ГМК ҳамроҳи экспедитсияи кашшофии геологии Помир ва Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии саноати Вазорати энергетика ва саноат таҳқиқи лабораторию технологии ҳосил намудани гилхоки технологӣ аз ғилзати ғанигардонида – ставропити кони Курговат баргузор карда шуд.  

Моҳияти ду лоиҳаи зикргардида аз он иборат аст, ки бахшҳои алоҳидаи (амалкунанда ва навтаъсиси фаръии ширкат)-и  ТАЛКО сиенити нефелинӣ, мусковит, ставропит, ангишт ва оҳак истихроҷ намуда, онҳоро барои ишқоронӣ, ҳосил кардан ба корхонаҳои гилхок, коксокимиёвӣ ва семент мефиристанд, аз он ҷо гилхок ва кокс ба ТАЛКО барои эҳтиёҷоти истеҳсоли алюминий роҳӣ  карда мешавад. Айни замон ГМК ТАЛКО ҳамроҳи шарикони ватанию хориҷӣ (сармоягузорон) вариантҳои бештар муносиби технологияи муосир ва аз лиҳози саноатӣ озмудашудаи ҳосил намудани гилхокро аз маъданҳои нефелинӣ, мусковитӣ ва ставролитӣ (яъне ғайримаъмулӣ) мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Менеҷменти ширкат итминон дорад, ки татбиқи лоиҳаҳои зикргардида ва ҷорӣ кардани технологияҳои нав «ноу-хау» ба худ хоси элитаи тоҷирону соҳибкорони  Тоҷикистон гардида,  ба рушди ТАЛКО ва умуман ба бахши алюминийи кишвар таъсири ҷиддӣ расонида, ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳад бардошт. 

Дар нисбати қабули қарорҳои инвеститсионӣ, шаклҳои ташкилию молиявии татбиқи лоиҳаҳои зикргардида дар давраи солҳои 2010-2013 малиҳату машварат, гуфтушиниду вохӯриҳо баргузор намуда, бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ, сохторҳои молиявию давлатии  давлатҳои хориҷӣ  («Standard & Poor’s» (ИМА), «Moody’s Investors’ Service» (ИМА) и «Fitch Investors LTD», «Hatch Consulting» (Канада), «CHALCO» (Чин), «Chalieco» (Чин), «China National Heavy Machinery Corporation» (Чин), «TCC Service LLC» (Чин) и «China  Tianshen  Engineering Corporation» (Чин), «Khoday Group of  Industries» (Чин), ВЭБ (Россия), Минэкономразвития (Русия) ва  ғ.) ҳуҷҷатҳои имзо гардидаанд. 

III. Лоиҳаи санҷишӣ: «Таъсиси ширкати энергетикию металлургӣ»  (Рушди ТАЛКО). Лоиҳаи инвеститсионии мазкур дар асоси истифодаи механизми  шарикии давлатию хусусӣ баргузории навсозии (таҷдиди) силсилаи 6-ум (иморатҳои 11 ва 12) электролизёрҳои ТАЛКО – ро пешбинӣ намуда, бо ҳосил намудани нерӯи барқи бефосилаи худӣ  аз ҳисоби сохтмони Неругоҳи барқи обии Шӯроб дар дарёи Вахш бо иқтидори солонаи 862,5 мВт таъмин карда мешавад. Соли 2011 ТАЛКО коркарди комили супориши техникиро барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодии навсозии силсилаи 6-уми электролиз ва сармоягузории он баргузор намуд. 

Татбиқи лоиҳаи комплексии мазкур имкон медиҳад, ки дар асоси татбиқи амалии технологиҳои сатҳи баланди истеҳсоли алюминий, сохтмони неругоҳ ва ҳосил намудани нерӯи барқ таъмин карда хоҳад шуд:

  • Истеҳсоли иловагии алюминий танҳо дар як силсилаи 6 дар ҳаҷми то 220 ҳаз. тн дар як сол, ки тақрибан 50% иқтидори муқарраргардидаро дар ҳамаи силсилаҳои дигар (10 иморат) - и ТАЛКО ташкил медиҳад;
  • Истеҳсоли худӣ ва мухтори нерӯи барқ дар ҳаҷми 3,1 млрд. кВт дар як сол, ҳамзамон нерӯи барқи истеъмолшавандаи НБО Норак комилан ба аҳолӣ ва корхонаҳои дигари ҷумҳурӣ интиқол дода хоҳад шуд., 
  • Натиҷаҳои мушаххас ва афзалиятҳои рақобатии лоиҳаи мазкур: 
  • афзоиши иловагии ҳаҷми иқтидорҳои ҷории ТАЛКО;
  • истеҳсоли худии нерӯи барқ;
  • паст кардани арзиши аслии истеҳсоли алюминий;
  • таъмини истиқлолият ва амнияти энергетикии ҳамаи бахшҳои ТАЛКО; 
  • ҷалби сармояҳои байналмилалию хориҷӣ, ки дар ин замина саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ таъмин карда мешавад; 
  • саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои энергетика ва металлургияи кишвар; 
  • саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои фаъолияти лоиҳа. 

Лоиҳаи мазкур бо бисёр сармоягузорони хориҷии Ғарбу Осиё мавриди муҳокима қарор гирифт.  Ба лоиҳаҳои стратегии ТАЛКО Чин мароқи бештар зоҳир менамояд. Масалан, дар муддати 2-3 соли охир ТАЛКО як қатор вохӯрию гуфтушунидҳо баргузор намудааст, ки дар натиҷаи он бо як қатор ширкатҳои бузурги Чин («China Aluminum International Engineering Corporation», «China National Heavy Machinery Corporation», «TCC Service LLC» и «China  Tianshen  Engineering Corporation») ёддошти ҳусни тафоҳум, созишнома ва қарордодҳо ба имзо расидаанд. 

IY. Лоиҳаи инвеститсионӣ: «Таъсиси Технопарк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ҷузъҳои асосии лоиҳа аз 9 зерлоиҳа (объект)-ҳои ТАЛКО иборат мебошад, ки сохтмони он натанҳо бахши алюминийро ба сатҳу сифати нави такомул боло мебарад, балки дар маҷмӯъ рушди устувори иқтисоди миллии Тоҷикистонро таъмин менамояд. 

Мутобиқи Қарри Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 404 аз 7 августи соли 2012 «Сохтмони парки технологии индутралии КВД «Талко» ба рӯйхати «объектҳои махсусан мҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» шомил карда шудааст. Он иборат аст аз: 

  1. Корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бо иқтидори 3,0 млн. тн дар як сол (бо Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  объекти мазкур «ТАЛКО семент» номида шудааст). 
  2. Корхонаи истеҳсоли  шиша.
  3. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти оташбардори сохтмонӣ.
  4. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти кипсокартон.
  5. Корхонаи истеҳсоли маводи нави сохтмонӣ. 

Ба андешаи коршиносон ва менеҷментони ТАЛКО татбиқи ҳамаи лоиҳаи зикргардида барои дар оянда ташаккул ёфтани аввалин кластери алюминий дар ҷумҳурӣ – гурӯҳи объектҳои (ширкатҳои) мушобеҳ  ва робитаи мутақобиладоштаи иқтисодӣ унсури заминавие мегардад, ки сохтори шабакавӣ метавонад дар доираи шарикии давлатию хусусӣ буда, намояндагони ҳокимияти давлатӣ (нақши пешсаф дар сафарбарии иштирокдорони потенсиалии кластер), бизнес- ҷомеа, ки дар гирди ядрои фаъолияти рақобатпазири ТАЛКО ва бахшҳои он (ширкатҳои фаръӣ) муттаҳид гардидааст, шомил карда шавад. Айни замон омилҳои низомофар дар ташаккули кластери алюминий Парки технологӣ ва индустриалӣ («Технопарк»)  шуда метавонад.