• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Тамоюлоти асосии рушд

КВД «ШиркатиАлюминийиТоҷик» (ТАЛКО) дармиқёсиИттиҳодиДавлатҳоиМустақил  якеазазимтарин  вадарОсиёиМиёнаягонаистеҳсолгариалюминиймаҳсубмеёбад.

Иқтидори истеҳсолӣ – 517 ҳазор тонна дар як сол.

Истеҳсоли анодҳои пухта – 360 ҳазор тонна дар як сол.

Корхона дорои 12 иморати  истеҳсолоти электролиз, 2 шуъбаи рехтагарӣ, 3 сехи истеҳсолоти анодҳои пухта, сехҳои ёрирасон ва бахшҳои махсусонида мебошад.

Майдони корхона 340 га-ро ташкил медиҳад.

 

Далелҳои муҳими таърихи корхона:

v  Моҳи октябри соли 1964. Дар ҷаласаи васеи Совети Вазирони РСС Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони Корхонаи алюминийи Тоҷикистон қабул ва ба  Шўрои хоҷагии халқи Осиёи Миёна барои тасдиқ тавсия дода шуд.

v   31 марти соли 1965. Сохтмони Заводи алюминийи Тоҷикистон шуруъ ва  санади аввалини ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ қабул гардид.

v  20 январи соли 1978. Аввалин аноди пухта истеҳсол карда шуд, моҳи сентябри ҳамон сол санади таъсиси хатти аввали истеҳсолоти анодҳои пухта ба имзо расид.

v  3 апрели соли 2007. Ба мақсади устувор намудан ва боло бурдани нуфузи  соҳаи алюминийи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи табдил додани Корхонаи алюминийи Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба имзо расонид.

 

Мукофотҳо:

Моҳи октябри соли 2000 Корхонаи алюминийи Тоҷикистон тибқи қарори Анҷумани  25 – уми байналмилалии мукофотонии «Ситора барои сифат»  бо  «Ситораи байналмилалии платинагӣ» мукофотонида шуд.

Соли 2008 КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» сазовори мукофотҳои олии байналмилалии «Best Enterprises of Europe» («Корхонаи беҳтарини Аврупо»), ки Кумитаи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо  (ЕВА, Оксфорд, Бритониёи Кабир) ва«European Quality» («Сифати Аврупо») гардид, ки сифати баланди маҳсулоти Ширкати алюминбарории тоҷик буда, мутобиқати онро ба стандартҳои байналмилалӣ таъйид менамояд.

 

Сертификатсия:

Соли 2008 КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аввалин ширкате гардид, ки Низоми ҳамгироии менеҷменти сифатро ҷорӣ  намуда, сертификати ISO 9001:2008-ро ба даст овард.

Соли 2013 КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аввалин корхонаи саноатии Тоҷикстон ва аввалин истеҳсолгари алюминийи аввалия дар Осиёи Марказӣ гардид, ки сертификати мутобиқати низоми байналмилалии ҳамгироии менеҷменти экологӣ - ISO-14001:2004 -ро, ки ҳифзи муҳити зистро аз паёмадҳои аз лиҳози экологӣ зараровари  технология ва равандҳои баҳрабардорӣ, истеъмол ва ё коркарди партовҳои намудҳои муайяни маҳсулот таъмин менамояд, ба даст овард.

Соли 2013 ба мақсади роҳандозии ташхиси маҷмуии низоми идоракунии ҳифзи меҳнат ва амнияти истеҳсолӣ ва муайян намудани ҳолати воқеии он КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар корхона низоми менеҷменти амнияти касбӣ ва саломатиро ҷорӣ намуда, сертификати мутобиқати стандарти байналмилалии  OHSAS 18001 ба даст овард.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» тасмим гирифтааст, солҳои 2018-2019 раванди гузариши низомоти байналмилалии дар корхона амалкунандаи ҳамгироии менеҷментро ба тафсири нави стандартҳои байналмилалии ISO 9001:2015, ISO 14001:2015 ва OHSAS 45001 бо назардошти имкониятҳои нав ва хавфу хатарҳои иловагии ба онҳо шомилгардида дар истеҳсоли маҳсулот ба анҷом расонад.

 

Экологияи истиҳсолот:

Сиёсати экологии ТАЛКО, дар маҷмўъ, ба ҳифзи муҳити атроф, истифодаи оқилонаи захираҳо, бехатарӣ ва солимии ҳам кормандони корхона ва ҳам аҳолии минтақаи фаъолияти корхона ва ҳудуди ҳамсарҳади он нигаронида шуда, уҳдадориҳоро бобати беҳбудии  намудани доимии вазъи муҳити атроф, пешгирии олудагии он ва риояи талаботи қонунгузории ҳифзи табиат дар бар мегирад.

Ширкат фаъолиятро оид ба ҳифзи муҳити атроф, чун қисми ҷудонашавандаи тиҷорат ва чун саҳми худ дар амалӣ намудани Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, санадҳои дигари миллӣ ва байналмилалии қонунгузорӣ рушду ривоҷ мебахшад.

 

Истеҳсолоти безарар – самти рушди минбаъдаи ТАЛКО

Мақсади ТАЛКО таъсис додани амсилаи истеҳсолоти безарар маҳсуб меёбад, ки он ба сарфакории захираҳо ва ҳифзи муҳити атроф мусоидат менамояд. Дар ин ҷанба вазифаҳои стратегии ширкат инҳо маҳсуб меёбанд:

vамалӣ намудани барномаи навсозии мунтазам ва пурраи истеҳсолоти алюминий ва гузаронидани он ба технологияи нави муосир, ки имкон медиҳад дар пешдиди наздиктарин фондҳои асосӣ нав гардида, таҷҳизоти фарсуда ба таҷҳизоти муосир ва айни замон пешқадами технологияи сарфакунандаи эенергия, ки ҷавобгўйи талаботи баланд ба бехатарии экологии ҳам истеҳсолот ва ҳам муҳити атроф аст, иваз карда шавад;

vба кор андохтани объектҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи ҷорӣ намудани равандҳои муосир ва инноватсияҳои технологӣ, ки имкон медиҳад сифат ва самаранокии истеҳсолот беҳ гардида, таъсиррасонӣ ба муҳити атроф ба таври назаррас коҳиш дода шавад.

 

ТАЛКО – гурўҳи ширкатҳо:

Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» пешсафи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, воқеан таҷассуми ислоҳоти иқтисодӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳои охир гардидааст. ТАЛКО соҳиби аввалини стандарти ҷаҳонӣ дар  Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мутобиқи стратегияи иқтисодии давлатӣ ва сиёсати саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба иваз намудани воридоти молҳои саноатии дорои талабот дар бозори дохилӣ ба молҳои истеҳсоли ватанӣ (воридотивазкунанда) нигаронида шудааст, ТАЛКО стратегияи рушди саноати алюминийии ватаниро (Лоиҳаҳои мақсадноки инвеститсионӣ) таҳия намудааст. Мақсад аз он гузариши ширкат ба истифодаи захираҳои маҳаллии ашёи хом мебошад ва ширкат аллакай ба мушаххас амалӣ намудани қарорҳои инноватсионии худ оғоз намудааст.

Солҳои охир Ширкати Алюминийи Тоҷик дар доираи амалӣ намудани барномаи таъсисдиҳии корхонаҳои бо ашёи хоми маҳаллӣ коркунанда ва воридотивазкунанда объектҳои нави истеҳсолиро сохта, ба истифода дод. ТАЛКО ҳоло дар секторҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз қабили истихроҷи маъдан ва саноати кимиёвӣ васеъ ширкат меварзад. Ҳадафи ширкат ҳамчунин рушд додани самтҳои нав дар иқтисодиёти Тоҷикистон – энергетика ва металлургия маҳсуб меёбад.

Моҳи сентябри соли 2011 мутобиқи барномаи рушди ТАЛКО, ки ба таъсис додани корхонаҳои коркарди алюминийи ватанӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст, дар шаҳри Душанбе яке аз корхонаҳои азими Осиёи Марказӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти кабелию ноқилӣ – ТАЛКО Кабел сохта ва ба истифода дода шуд. Анвои умумии маҳсулоти корхонаи мазкур 420 номгўйро дар бар мегирад. Корхона дорои заминаи зарурии технологӣ буда, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолгарони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ – SICTRA (Италия) и MAILLIFER (Финляндия) таъмин шуда, аз хатҳои технологии симкашӣ, тайёр намудани тораҳои ҷараёнгузарони беизолятсия, изолятсиядор кардани симҳо аз пластикати поливинилхлоридӣ ва полиэтилен, ба таври умум печонидани тораҳои изолятсиядор, рўйкашкунӣ, зиреҳдорсозӣ, истеҳсоли кабелҳои пурқуввати то 10 кВт, экрансозӣ ва молидани изолятсия иборат мебошад.

Дар соли 2013 ширкати ТАЛКО Ресурс ба истихроҷи саноатии ангишт аз кони «Фон Яғноб»- и ноҳияи Айнӣ дар қитъаҳои «Конте» ва «Ҷиҷикруд» (маҳсулнокиаш- 400 ҳаз.тн/сол), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, оғоз намуд.

Аз оғози таъсисёбӣ ширкати ТАЛКО Ресурс то ибтидои соли 2018 дар ҳаҷми беш аз 1 млн.тонна анигшт истеҳсол намуд. Айни замон он КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ширкати ТАЛКО Кемикал, МБГ-2 шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Ёвон, корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе ва як қатор корхонаҳои дигарро бо ангишт таъмин менамояд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи бунёди Корпоратсияи кимиёвию металлургии Тоҷикистон ТАЛКО Кемикал, дар моҳи сентябри соли 2016 сохтмони се объекти саноатии калонтарин анҷом ёфт: корхонаи истеҳсоли криолит (бо маҳсулнокии 12.0 ҳаз.тн/сол), фториди алюминий (18.0 ҳаз.тн/сол) ва кислотаисулфат (130.0 ҳаз.тн/сол)дар ҳудуди ноҳияи Ёвон. Барои таъмини фаъолияти корхонаи кимиёвӣ насби ду адад генератори газии муосир бо технологияи баланд бо талаботи солонаи ангишт 30 ҳаз. тонна анҷом дода шуд. Таҳвили ангиштро ширкати ТАЛКО Ресурс ба ҷо меорад.

Ширкати ТАЛКО Кемикал дар соли 2017 таҳвили маҳсулоти худро ба корхонаи алюминбарории Тоҷикистон ва содироти онро ба Россия, Озарбойҷон ва Қазоқистон оғоз намуд. Вай инчунин ният дорад, ки фурўши тиҷоратии маҳсулоти иловагии корхонаи истеҳсоли криолит – гаҷ (дар ҳаҷми – 75 ҳаз.т/сол)- ро роҳ монад. Он, дар навбати аввал, дар  бозори дохилии истеъмолгарон ба фурўш гузошта мешавад.

Ба ҳадафи таъмин намудани ашёи хоми корхонаҳои истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ширкати ТАЛКО Флюорит дар заминаи Корхонаи маъдантозакунии Такоб истихроҷи маъдан ва коркарди онро дар фабрикаи маъдантозакунӣ барои ҳосил намудани флюорити флотатсионӣ (97-98%) роҳандозӣ менамояд. Агар дар замони шўравӣ дар ин комбинат истихроҷи маъдан дар як сол то ба 3,2 ҳаз. тонна расида бошад, ҳоло он ба беш аз 30 ҳаз. тн расидааст.

ТАЛКО Флюорит ният дорад, ки дар ояндаи наздик сохтмони боз як фабрикаи маъдантозакуниро бо иқтидори 40 ҳаз. тн./сол дар кони «Қазноқ»- и ноҳияи Айнӣ анҷом диҳад, ба ин ҳадаф дар соли 2017 ширкат барои Тоҷикистон таҷҳизоти навро харидорӣ ва аллакай таҳвил намуд.

Дар моҳи апрели соли 2017 барои татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ– аз худ намуданигурўҳи конҳои «Кончоч» ширкати ТАЛКО Голд созмон дода шуд. Мақсади лоиҳа таъсиси иқтидорҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистони марказӣ дар заминаи захираҳои кашфшудаи маъдан маҳсуб меёбад, ки дар маҷмуи ягонаи истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд: бунёди панҷ адад кон бо усули чоҳканӣ (зеризаминӣ)- и истихроҷи кон; сохтмони фабрикаи маъдантозакунӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ қарор додани хатҳои ҷудогонаи истеҳсолӣ оид ба тоза кардани тилло, сурма, филизоти нодир ва диг.; сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи металлургӣ барои ҷудо кардан (софкорӣ)- и филизот: тилло, нуқра, сурма, симоб ва ғ. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ захираҳои умумии гурўҳи конҳои «Кончоч» чунин аст: флюорит – 205 ҳаз. тн., нуқра – 44 тн., тилло – 55 тн., симоб – 184 тн., сурма – 268 ҳаз. тн.

24 июни соли 2018 маросими расмии оғози сохтмони муҷтамаи истеҳсолии ТАЛКО Голд дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Ўзбекистон – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Корхонаи техникаи махсуси TALCO-KRANTAS». 4 июли соли 2018 дар Ҷаласаи умумии муассисон: корхонаи воҳиди фаръии «Алюминсохтмон»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «КРАНТАС ГРУПП» (KRANTAS GROUP) корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Ўзбекистон– Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Корхонаи техникаи махсуси TALCO-KRANTAS» таъсис дода шуд

19 июли соли 2018 Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Корхонаи техникаи махсуси TALCO-KRANTAS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд.

Намудҳои асосии фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Корхонаи техникаи махсуси TALCO-KRANTAS» инҳо маҳсуб меёбанд:

vистеҳсоли автокран ва намудҳои дигари техникаи махсус;

vистеҳсоли нимядак ва ядаки трактор;

vнамудҳои дигари фаъолият, ки бо намудҳои номбурда робитаи тарафайн доранд.

 

ЛОИҲАҲОИ РУШД ВА ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА

 

Стратегияи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба истифодаи таҷрибаи  пешқадами ҷаҳонӣ бобати таъсис додани кластерҳои саноатӣ дар бахши  маъдану металлургии иқтисодиёт асос меёбад.

Бо назардошти имкониятҳои худӣ ва таҷрибаи татбиқи амалии барномаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо иштироки шарикони ватанию хориҷӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан ТАЛКО имкони ташаккул додани муҷтамаи соҳаи алюминийро пешоҳанг гардида, тавонмандии табдил додани Ширкати Алюминийи Тоҷик ва бахшҳои онро ба корхонаҳои дорои маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ба даст меоварад.

 

Лоиҳаи таъсис додани Корпоратсияи металлургӣ-кимиёвии Тоҷик (КМКТ)

Дар доираи татбиқи лоиҳаи КМКТ ширкат консепсияи таъсис додани парки технологии индустриалиро дар Тоҷикистон таҳия намуд, ки аз бунёди муҷтамаи истеҳсолии ба ҳам вобаста иборат буда, ба рушди бахши саноати Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Лоиҳаи мазкур сохтмони корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар ноҳияи Ёвон пешбинӣ намуда, ашёи хоми он барои корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва поливинилхлорид (ПВХ) зарур аст.

Арзиши пешакии лоиҳа $100 млн.

Дар оянда корхонаи мазкур ҳамчунин ба маҷмааи ягонаи металлургӣ-кимиёвӣ, ки истеҳсоли намудҳои дигари маҳсулотро бо иқтидори лоиҳавии содаи каустикӣ – 25 ҳаз. тонна дар як сол ва поливинилхлорид – 25 ҳаз. тонна дар як сол дар бар мегирад, ворид мешавад.

Зимни таъсис додани парки технологии индустриалӣ давра ба давра ҳамчунин лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ба монанди сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи сохтмонӣ, таҷҳизоти соҳаҳои сохтмон ва маъданҳои кўҳӣ ва ғайра татбиқ мегардад.

Дар ин маврид сохтмони маҷмааи гилхок аз маъданҳои алюминийдор бо иқтидори 1 млн. тонна дар як сол ҷойи махсусро ишғол менамояд. Маҷмаа аз корхонаи истеҳсоли гилхок ва комбинати ғанисозӣ барои ҳосил намудани консентрати гилхок иборат аст.

Истихроҷи маъданҳои алюминийдор (ставролиту мусковитҳо) дар кони Курговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо иқтидори  истеҳсолӣ дар ҳаҷми 4 млн. тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Озмойиши технологии кон аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ сурат гирифта, дар натиҷа роҳи осони ғанисозиии он тасдиқ карда шуд. Интиқоли маъданҳои алюминийдор тариқи хатроҳаи пулпарасонӣ ва нақлиёти автомобилӣ ба нақша гирифтааст.

Арзиши лоиҳа муайян карда мешавад.

 

ТАЛКО Ресурс: гузариш ба усули шахтавӣ (зиризамини)-и истихроҷи ангишт

ТАЛКО Ресурс ба мақсади афзойиш додани ҳаҷми ангишт ва беҳдошти назарраси сифати маҳсулоти ширкатният дорад ҷиҳати татбиқи барномаи гузариш ба усули шахтавии коркарди кони ангишти дар қитъаҳои «Конте» ва «Ҷиҷикрўд» гузарад.

Корҳои омодагии АТИ ва лоиҳаи истихроҷи зеризаминӣ барои майдонҳои Ғарбӣ (қитъаи«Конте») ва Маркази (қитъаи «Ҷиҷикрўд») –и кони «Фон Яғноб» ба анҷом расидааст.

vДар майдони Ғарбӣ бунёди конҷойи истихроҷи маъдан бо сохторҳои зерошёнагии баҳрабардорӣ дар назар аст.

vДар майдони Марказӣ - се конҷойи  баҳрабардорӣ бо сохтори зерошёнагӣ.

Зимни гузариш ба истихроҷи зеризаминии ангишт бо назардошти истихроҷ дар ҳар ду майдон (Ғарбӣ ва Марказӣ)  истихроҷи ангишт дар ҳар кадом шахта аз 600 то 900 ҳазор тоннаро дар як сол ташкил медиҳад.

Арзиши лоиҳа– $57 млн.

 

ТАЛКО Флюорит: бунёди КМТи нав дар ноҳияи Айнӣ барои истеҳсоли  флюорити тасфиявӣ (флотатсионӣ)

Ширкати ТАЛКО Флюорит ба ҳадафи таъмин намудани ашёи хоми корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат дар кони «Теппаҳои сурх/Красние холми», воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, ҷиҳати  истихроҷи 150 ҳазор тонна маъдан  фаъолият намуда, дар ҳудуди ҶСК «КМТ Такоб/Такобский ГОК» барои истеҳсоли флюорити тасфиявӣ (флотатсионӣ)(97-98%) фабрикаи ғанисозиро бо иқтидори 30 ҳазор тонна дар сол ба кор андохт.

Айни ҳол ТАЛКО Флюорит чорабиниҳои ташкилию техникии марбут ба оғози бунёди комбинати нави маъдантозакуниро дар кони «Қазноқ»-и ноҳияи Айнӣ анҷом медиҳад:

vсоли 2017 таҷҳизоти нав харидорӣ шуда ва он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил дода шудааст;

vғанисозии маъдан – 150 000 тонна дар як сол;

vистеҳсоли консентрати флюорит (97 %) – 40 000 ҳазор тонна дар як сол;

vтаъсиси ҷойҳои кори нав – 280;

vсармоягузорӣ – зиёда аз $3 млн.

 

Лоиҳаи ТАЛКО Минералс: таъсиси муҷтамаи маъдантозакунӣ барои истеҳсоли волфрами тозашуда

Ширкат ба нақша гирифтааст, ки дар маҳалли кони «Майхўра», воқеъ дар ноҳияи Варзоб, барои истеҳсоли волфрами тозашуда комбинати маъдантозакунӣ бунёд намояд:

vғанисозии маъдан – 200 000 тонна дар як сол;

vистеҳсоли консентрати волфрам (55 %) – 2 000 ҳазор тонна дар як сол;

vтаъсиси ҷойҳои кори нав – 500;

vсармоягузорӣ – $10 млн.

 

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»: истеҳсоли варақаҳои алюминӣ:

Лоиҳа созмондиҳии истеҳсоли варақаҳои алюминиро дар заминаи таҷҳизоти нави ширкати итолиёвии FATAHunter дар назар дорад:

vҳаҷми пешбинишавандаи истеҳсол камаш 30 ҳазор тоннаро дар сол ташкил хоҳад дод;

vарзиши лоиҳа - $80 млн.;

vистеъмолгарони эҳтимолӣ: Туркия, кишварҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва ИМА;

vсоҳаи корбурд – киштисозӣ, автомобилсозӣ, сохтмон, ҳавопаймоӣ ва ғайра;

vпас аз анҷом ёфтани лоиҳа дар корхона 200 нафар ба кор таъмин карда мешаванд.