• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Тақвими рӯйдод

Соли 2014.

  • 12.08.2014. Боздиди Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Гаврук О.А. аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик». Ҳадафи боздид: шиносоӣ бо фаъолияти ТАЛКО
  • 18.07.2014. Маҷлиси идонаи коллективи меҳнатии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» оид ба Рӯзи металлургҳо. Дар барномаи чорабинӣ пешбинӣ шудааст: тақдими мукофотҳои пулӣ ба Лауреатҳои мукофоти КВД «Талко» ва нафароне, ки шоистаи «Лавҳаи ифтихор» гаштаанд.
  • 06.06.2014. Семинари илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини бехатарии экологии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар мисоли КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)». Созмондиҳандагони семинар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон,  КВД «ТАЛКО» бо мусоидати Комиссияи экологии доимии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштирокчиён: 

- намояндагони муассисаҳои давлатӣ; 

- намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ; 

- намояндагони ҷумҳуриявию байналмилалии иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ (ИИИ), ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити атроф махсусонида шудаанд;

- мутахассис-экологҳо; 

- хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд;

Маҳалли баргузорӣ: бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода

  • 10.04.2014. Боздиди иштирокдорони Сессияи 3-юми Форум оид ба гуфтугӯи хусусию давлатии минтақавӣ дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» «Арзёбии захираҳои маъданӣ ва аҳамияти он барои сармоягузорони эҳтимолӣ», ки дар доираи барномаи Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Германия (MBZ)  бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZGmbH), Институти федеролии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ (BGR) ва Кумитаи шарқии иқтисоди немис (OA) баргузор гардид.

Иштирокчиён: 

- намояндагони муассисаҳои давлатӣ; 

- намояндагони вазорату идораҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки мутасаддии масъалаҳои захираҳои геологӣ ва минералӣ мебошанд;

- намояндагони институтҳои илмию таҳқиқотии металлургияи кӯҳии  Тоҷикистон, геомеханика ва азудкунии захираҳои Қирғизистон;

- намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Германия;

- мутахассис ва экспертҳои Германия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.

Ҳадафи боздид: шиносоӣ бо фаъолияти ТАЛКО

  • 31.03.2014. «Дар бораи маросими мукофотонии ғолибони конкурс миёни коргарон барои унвони «Бригадаи беҳтарин», «Сменаи беҳтарин» ва «Иморати беҳтарин» дар семоҳаи 1-ум аз рӯйи ҷамъбасти соли 2014. (Хотиррасон намуданием, ки конкурс барои рушди низоми ҳавасмандгардонӣ ва сабзиши касбии корманд, ки дар истеҳсолоти асосии ТАЛКО ба кор бурда шудаанд, инчунин баланд бардоштани эътибори касби коргарӣ ва ташаккули захираҳои кадрӣ нигаронида шуда буд.). Барномаи чорабиниҳо инҳоро дар назар дорад: тақдими мукофотҳои пулӣ, вимпелҳои сайёр, Шиносномаҳои вимпелҳои сайёр ва Грамотаҳои фахрӣ.
  • 20.03.2014. Дастархони идонаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои коргарон ва хизматчиёни корхона ба муносибати иди Наврӯз-2014. 

Соли 2013.

  • 23.12.2013. Брифинг барои хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд, дар мавзӯи: «Оид ба вазъи саноати алюминий дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва тадбирҳои зиддибӯҳронии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик».

Маҳалли баргузорӣ: толори конфронсҳои  идораи Душанбегии КВД «ТАЛКО»

  • 12.12.2013. Ташрифи Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти корхона.
  • 13.11.2013. Ташрифи мушовири UNEP (Котиботи Барномаҳои Созмони Милали Мутттаҳид оид ба муҳити атроф) ҷаноби Лоран Николя ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар доираи иқдомоти СММ «Муҳити атроф ва бехатарӣ» барои баргузории корҳои арзёбии пешакӣ оид ба проблемаи таъсири фаромарзии корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муҳити атроф.
  • 05.11.2013. Дастархони идонаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои коргарон ва хизматчиёни корхона бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 28.10.2013. Маросими мукофотонии ғолибони конкурс дар байни коргарон барои унвони «Бригадаи беҳтарин», «Сменаи беҳтарин» ва «Иморати беҳтарин» дар семоҳаи 3-юм. Барномаи чорабиниҳо инҳоро дар назар дорад: тақдими мукофотҳои пулӣ, Вимпелҳои сайёр, Шиносномаҳои Вимпелҳои сайёр ва Грамотаҳои фахрӣ.
  • 19.08. то 24.08.2013. Хабарнигори ИМА Хилари Крамер (HilaryKramer) ҷиҳати ҳимояи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва омодаву нашр намудани маводи махсус дар бораи Тоҷикистон дар нашрияҳои «Блумберг», Форбс» ва ғайраҳо ба фаъолият шуруъ мекунад. Х. Крамер бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ анҷом дода, дар кори конфронси байналмилалии сатҳи баланд марбут ба об (ш. Душанбе, 21-22 августи 2013.), ширкат варзида, аз кӯли Сарез боздид мекунад ва ҷиҳати шиносоии корхонаи алюминийбарории Тоҷик ба шаҳри Турсунзода сафар мекунад.
  • 02.08.2013. Боздиди раиси гуруҳи парламент оид ба Осиёи Марказӣ ва Кавказ Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лордом Вейверли аз Корхонаи алюминийи Тоҷик ба мақсади шиносоӣ бо барномаҳои ширкат оид ба таъмини ҳифзи муҳити атроф ва гирифтани тавзеҳоти сиёсати экологии ТАЛКО.

Дар барнома пешбинӣ шудааст:

- боздид аз объектҳои истеҳсолӣ;

- боздид аз майдончаҳои насби таҷҳизоти истеҳсоли гази синтезӣ аз ангишт; 

- боздид аз музейи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;

- боздид аз хоҷагии деҳқонии махсусонидаи парвариши ангур (8 км.аз завод);

- вохӯриҳои тиҷоратӣ (бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода)

  • 19.07.2013. Маросими мукофотонии ғолибони конкурс дар байни коргарон барои унвони «Бригадаи беҳтарин», «Сменаи беҳтарин» ва «Иморати беҳтарин» дар семоҳаи 2-юм. Барномаи чорабиниҳо инҳоро дар назар дорад: тақдими мукофотҳои пулӣ, Вимпелҳои сайёр, Шиносномаҳои Вимпелҳои сайёр ва Грамотаҳои фахрӣ.
  • 15.07.2013. Маркази Рушди иноватсионӣ дар назди Лоиҳаи «Татбиқи консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон». Барномаҳои Рушди СММ дар Тоҷикистон дар Корхонаи алюминийи Тоҷик ба роҳандозии арзёбии экспертии мустақили «Таҳлили таъсири фаъолияти ТАЛКО ба вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дар ноҳияи Турсунзода» шурӯъ намуд.
  • 03.07.2013. Дар доираи Барномаҳои лоиҳаҳои стратегии Россия ва Тоҷикистон, ки аз ҷониби Институти демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ (ИДМРР)-и Федератсияи Россия таҳия шудааст, экспедитсияи лоиҳавии ИДМРР ба мақсади омӯзиш ва тафсили лоиҳаҳои стратегии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз объектҳои бунёдшавандаи ш. Ёвон (заводҳои истеҳсоли фториди алюминий ва криолит) боздид ба амал оварда, бо гуруҳи экспертии ширкат ҷиҳати коркарди минбаъдаи муштараки ҳаракати лоиҳаҳои ТАЛКО дар сохторҳои тиҷоратию молиявии Россия гуфтугӯ анҷом медиҳанд.
  • 30.04.2013. Маросими мукофотонии ғолибони конкурс миёни коргарон барои унвони «Бригадаи беҳтарин», «Сменаи беҳтарин» ва «Иморати беҳтарин» дар семоҳаи 1-ум. Конкурс барои рушди низоми ҳавасмандгардонӣ ва сабзиши касбии корманд, ки дар истеҳсолоти асосии ТАЛКО ба кор бурда шудаанд, инчунин баланд бардоштани эътибори касби коргарӣ ва ташаккули захираҳои кадрӣ нигаронида шуда буд. Барномаи чорабиниҳо инҳоро дар назар дорад: тақдими мукофотҳои пулӣ, вимпелҳои сайёр, Шиносномаҳои вимпелҳои сайёр ва Грамотаҳои фахрӣ.
  • 30.03.2013. Семинар-практикум дар мавзӯи: «ТАЛКО: стратегияи экологии ширкат» ва «ТАЛКО – бренди миллии саноати алюминийи ҷаҳон»

Иштирокчиён: 

- намояндагони муассисаҳои давлатӣ;

- намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ; 

- намояндагони ҷумҳуриявию байналмилалии иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ (ИИИ), ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити атроф махсусонида шудаанд;

- мутахассис-экологҳо; 

- мураббиҳои бахши тиҷорат;

- хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд;

Маҳалли баргузорӣ: бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода

  • 20.03.2013. Дастархони идонаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои коргарон ва хизматчиёни корхона ба муносибати иди Наврӯз-2013. 
  • 05.02.2013. Брифинг аз рӯйи натиҷаҳои соли 2012. бо иштироки хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд.

Маҳалли баргузорӣ: толори конфронсҳои  идораи Душанбегии КВД «ТАЛКО»

Соли 2012.

  • 28.12.с.2012. Сафари матбуотӣ (Пресс-тур) барои хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд, ба мақсади шиносоӣ бо кори КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ насби генератори газии 2-юмро дар объекти дегхонаи шарқии ш. Душанбе, ҷиҳати таъмини қисмати шарқии пойтахт бо гармӣ ва оби гарм роҳандозӣ менамоянд.
  • 17.11.с.2012. Брифинги матбуотии сайёр дар ш. Турсунзода бо хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд.

Дар барнома пешбинӣ шудааст: 

- боздид аз майдончаҳои насби таҷҳизоти истеҳсоли гази синтезӣ аз ангишт; 

- боздид аз объектҳои истеҳсолӣ;

- боздид аз музейи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;

- брифинги матбуотӣ (бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода).

03.11.с.2012. Практикуми иттилоотӣ бо гуруҳи хонандагон-хатмкунандагон ва омӯзгорони мактаби миёнаи  № 6 дар дар мавзӯи «ТАЛКО – бренди миллии саноати алюминийи ҷаҳон».

Дар барнома пешбинӣ шудааст: 

- шиносоӣ аз объектҳои истеҳсолот;

- боздид аз музейи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;

- практикуми иттилоотии сайёр (бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода).

  • 27.05–04.06.с.2012.. Хабарнигорони Ширкати иттилоотӣ-аналитикии BigMediaGroup таҳти сарпарастии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои тайёр карадани мавод дар мавзӯи сиёсат, иқтисод, таҳсилот ва фарҳанги кишвар барои нашри махсуси «TheEuropeanTimes», ки ба Тоҷикистон бахшида шудааст, омодагӣ мегиранд. Дар нақшаи BigMediaGroup вохӯриҳо бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Рахмон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, боздид аз объектҳои махсусан муҳими иқтисодӣ, ба шумули КВД «Талко» (аз рӯйи барномаи алоҳида), инчунин минтақаҳои Тоҷикистон (вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва НТМ) бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, мероси таърихию фарҳангию этникӣ дар назар дошта шудааст.
  • 18.05.с.2012. Боздиди иттилоотию шиносоии иштирокчиёни семинари оҷилӣ дар мавзӯи «Мухолифатҳои сарҳадӣ: идора, иҷозат ва пешгирӣ» ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки аз ҷониби коллеҷи сарҳадии САҲА (ОБСЕ) ҳамроҳ бо Донишкадаи таҳқиқотии проблемҳои ҷаҳон (TAPRI) назди донишгоҳи Тампер (Финляндия) барои ҳайъати роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Маҳалли баргузорӣ: - объектҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ш.Турсунзода;

(бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода).

Аз 26 то 28 марти с.2012. дар доираи конфуронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар бораи Афғонистан (RECCAV) намоишгоҳ ва форуми тиҷоратии «Афғонистан – потенсиали ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ», ки дар он нигораҳои намоишгоҳӣ ва маводоти иттилотию маълумотдиҳӣ ду корхона: КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ҶММ «Ноқили Талко» (TalcoCableIndustries) баргузор мегардад.

Соли 2011.

18.11.2011. Муаррифии китоби «Алюминийи Тоҷик: дирӯз, имрӯз, фардо».

Иштирокчиён: 

- хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд;

Маҳалли баргузорӣ: маҷмааи «Гранд-Отель», ш. Душанбе.

  • 31.08.2011. Маросими тантанавии ифтитоҳи заводи кабели ҶММ «Ноқили Талко» (TalcoCableIndustries) дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. Сохтмони заводи кабел дар доираи татбиқи барномаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» оид ба истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ.
  • 30.08.2011. Маросими тантанавии ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, меҳмонони олиқадри давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, корпуси дипломатӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд, ходимони давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятии ҶТ. Баҳри сохтмони парчампоя,  ки корҳои сохтмонию васлро марбут ба таҳкурсӣ анҷом доданд, КФД «Алюминсохтмон»-и КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷалб кард шуд.
  • 29.08.2011. Маросими тантанавии ифтитоҳи заводи хишт дар ноҳияи  Рӯдакӯ бо иштироки Сарвазир ҶТ. Завод дар доираи лоиҳаҳои иҷтимоии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бунёд карда шуд.
  • 22.07.2011. Ташрифи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ш. Турсунзода ҷиҳати иштирок дар маросими супурди объектҳо – бинои манзилӣ, ки дар доираи барномаҳои иҷтимоии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бунёд шудааст.
  • 15.07.2011. Семинари сайёр дар мавзуи «Саҳми илм дар рушди саноати алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар доираи тадбирҳое, ки ба Рӯзи металлург бахшида шудааст, баргузор мегардад)

Иштирокчиён:

- роҳбарият ва кормандони илмии МД «ПТИМ Металлургия» КВД «ТАЛКО»;

- мутахассисони ширкат;

- хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд;

Маҳалли баргузорӣ: Истроҳатгоҳи «Лаззат», минтақаи Варзоб.

  • 20.05.2011. Бо дастгирии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар Кохи фарҳанги ш. Турсунзода вохӯрии эҷодӣ ва консерт бо иштироки  шоир ва нависандаи машҳур Тимур Зулфиқоров ва актрисаву сароянда  Ирина Дмитриевой Ванн баргузор мегардад.
  • 12.05.2011. Журфикс дар мавзӯи «Бахши экологии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли КВД ТАЛКО».

Иштирокчиён:

- намояндагони идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ;

- намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ; 

- намояндагони ҷумҳуриявию байналмилалии иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ (ИИИ)-и соҳаи ҳифзи муҳити атроф;

- мутахассис-экологҳо; 

- кормандони илмӣ;

- мутахассис-экологҳо;

- хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд;

- намояндагони кишварҳо, сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳалли баргузорӣ: бӯстонсарои «Металлург», ш.Турсунзода

  • 30.03.с.2012. Сафари матбуотӣ барои хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд, ба мақсади боздиди заводҳои истеҳсоли фториди алюминий ва криолит дар ш. Ёвон. Чорабинӣ дар доираи мушоияти иттилоотии раванди татбиқи «Барномаи гузариши КВД «Талко» ба ашёи хоми маҳаллӣ » сурат мегирад.
  • 20 – 28.03.2011. Тибқи даъвати КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар Тоҷикистон гуруҳи телевизионии ширкати телевизионии «Навиди мустақим»-и Шабакаи аввали телевизиони Россия бо мақсади омода намудани маводи видеоӣ барои барномаи «Бо Михаил Ширвиндт» - донистан мехоҳам» дар доираи сислсилаи барномаҳо дар бораи Тоҷикистон қарор ҳоҳанд гирифт.
  • 18.03.2011. Ташрифи намояндагони ҳукуматӣ бо сарварии Сарвазири ҶТ О.Ғ.Оқилов ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти корхона
  • 04.02.2011. Сафари матбуотӣ барои хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар ҶТ аккредитатсия шудаанд, бо боздид аз корхонаи миллии алюминийбарории шаҳри Турсунзода, осоишгоҳи табобатӣ ва фароғатгоҳ барои кӯдакон ва кормандони ширкат.