• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Маҳсулот ва хизматрасониӣ

Алюминий аз ҷиҳати паҳншавӣ дар қишри замин байни филизот ҷойи аввалро ишғол менамояд. Аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол ва истифодабарӣ он танҳо аз филизоти сиёҳ қафо мондааст. Истифодаи васеъ бо хусусияти алюминий – зичии кам (2700 кг/м3), нағз гузаронидани барқу гармӣ, тобоварӣ ба зангзанӣ ва ба як қатор муҳити агрессивӣ асос ёфтааст.

Хусусияти алюминий ва истифодаи он:

  • қобилияти баланди инъикоскунӣ – алюминий барои истеҳсоли рефлекторҳои баландиқтидор, оина, экранҳои калони телевизор истифода мешавад;
  • нармии баланди алюминий коркарди хуби алюминийро бо фишор ҳам дар ҳолати хунук ва ҳам дар ҳолати гарм таъмин менамояд. Алюминий ва хӯлаҳои он нармии худро дар ҳарорати манфӣ гум намекунад, бинобар ин аз онҳо захирагоҳ барои моеоти криогенӣ, гармитабдилҳо барои моеъ намудани гелий ва ғайра сохта мешавад;
  • барқгузаронии баланди алюминий ба истифодаи васеи он дар электротехника (ба ҷойи миси бештар гароннарх ва вазнин) барои истеҳсоли симҳо, кабелҳо, шинаҳои дастгоҳҳои тақсими барқ, конденсаторҳо ва ғайра асос гузоштааст;
  • гармигузаронии баланди алюминий барои гармитабдилҳои гуногун, дар яхдонҳои маишӣ ва саноатӣ истифода мешавад;
  • алюминий ба зангзанӣ дар атмосфера тобовар аст бо сабаби он ки дар болои он қабати зичи оксид пайдо мешавад, он дар оби соф занг намезанад, дар оби ифлоснашудаи баҳр, дар кислотаи азотии ғализ ва як қатор кислотаҳои органикӣ (сирко, лимӯ, равған ва ғ.) ба зангзанӣ тобовар аст;
  • дар саноати авиатсия алюминийи тоза барои ғулбачаҳои равғану бензингузар, дар шакли фолга барои созаҳои сотовӣ истифода мешавад;
  • вақтҳои охир истифодаи алюминий дар сохтмон (намои биноҳо, чорчӯбаи тирезаҳо, дастакҳо ва ғайра) зиёд шудааст;
  • алюминий ҳамчунин дар техникаи атомӣ, дар пиротехника, алюминотермия, барои ҳифз намудани болои маводи филизӣ аз зангзанӣ ва ғайраҳо истифода мегардад;
  • ҳиссаи асосии алюминий дар истеҳсоли хӯлаҳои алюминӣ сарф мешавад, ки маҳз бо зичии хурд ва мустаҳкамии кофиаш дар сохтмони мошинҳо (хусусан авиатсия) ва сохтмон васеъ истифода мешавад.