• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

ISO–9001:2008

ТАЛКО аввалин ширкати Осиёи Марказӣ мебошад, ки низоми менеҷменти сифатро ISO–9001:2008 (НМС) ҷорӣ намуд ва ягона ширкати Тоҷикистон мебошад, ки сертификати сифат гирифта, тибқи низоми мазкур фаъолият менамояд. 

Қарори ба ТАЛКО додани сертификати ISO–9001:2008 аз рӯйи натиҷаҳои аудит аз ҷониби Ширкати байналмилалии аудитии «SGS», ки дар беш аз садҳо ҳазор ширкатҳо дар тамоми дунё кор кардааст ва яке аз ширкатҳои бонуфуз дар ин соҳа маҳсуб меёбад, қабул шуд.

Тибқи натиҷагирии аудити назоратӣ барои мутобиқат ба стандарти байналмилалии  ISO - 9001: 2008, ки моҳи марти соли 2010 ва июни соли 2013 сурат гирифт, сертификати сифати ТАЛКО бори дигар таъйид ёфт.