• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Ҳамлу нақли борҳо

Аз соли 2004 дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иваз намудани низоми амалиёти бартерӣ ба гузариш ба ҳамкории мутақобилан судманд бо шарикони нав дар шароити нави хоҷагидорӣ: коркарди ашёи хоми фармоишгар ва содироти минбаъдаи маҳсулоти коркард таҳти назорати гумрук (амалиётҳои толлингӣ) амалӣ гардид. 

Низоми ҳамлу нақли борҳои ТАЛКО бо назардошти талаботи Ширкати Алюминийи Тоҷик таҳия гардида, нақшаҳое истифода мегардад, ки имкон медиҳад самаранокии баланд ва боэътимодии ҳамлу нақли ашёи хом ва маҳсулоти тайёр таъмин карда шавад. 

Шарики толлингӣ ширкати Талко Менеҷмент ЛТД дар асоси созишнома ба Ширкати Алюминийи Тоҷик ашёи хоми асосии технологиро (гилхок, кокси хом ва тафсонида, пеки ангиштсангӣ, фториди алюминий ва криолит), ки барои истеҳсоли алюминийи аввалия зарур аст, таҳвил медиҳад. Ашёи хом аз кишварҳои хориҷаи наздику дур, чун Қазоқистон, Русия, Туркманистон, Ҳиндустон, Чин, Ямайка ва ғайраҳо харидорӣ ва ҳамлу нақл карда мешавад.

Дар нақшаи таҳвили борҳо ба ширкат нақши муҳим ба нақлиёти роҳи оҳан гузошта шудааст. Тавассути роҳи оҳан ашёи хом ба Ширкати Алюминийи Тоҷик таҳвил шуда, аз ширкат маҳсулот ба бандарҳо барои ҳамлу нақл тавассути баҳр кашонида мешавад. 

Ширкат барои муносибсозии таҳвил бо роҳи оҳан, диверсификатсияи нақшаи ҳамлу нақл ба мақсади коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ ва кам кардани нарх ва аз ин лиҳоз вақти таҳвили ашёи хом ва маҳсулоти тайёр як қатор лоиҳаҳоро амалӣ менамояд. Ба сифати алтернативаи ҳамлу нақл бо роҳи оҳан ТАЛКО аз соли 2012 барои кашонидани маҳсулоти тайёр нақлиёти автомобилиро истифода мебарад, ки таваккали ҳамлу нақл ва мӯҳлати дастрас намуданро коҳиш дода, маблағҳои ширкатро аз ҳисоби кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ба таври назаррас сарфа менамояд. Боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ба мақсади расонидани маҳсулоти тайёр ба бандарҳо барои минбаъд ба содирот додани онҳо истифода бурда мешавад.

Ширкат маҳсулоти худро тавассути бандарҳои Гурҷистон ва Украина дар баҳр ҳамлу нақл менамояд. Дар нақшаи ширкат сохтмони терминалҳои худӣ дар бандарҳо пешбинӣ шудааст.

Маҳсулоти тайёр тавассути биржаҳои байналмилалии филизот танҳо дар шароити ФОБ фурӯхта мешавад.