• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Молҳои ниёзи мардум

Ба таркиби ТАЛКО мудирияти истеҳсолоти молҳои ниёзи мардум ва сохтмон дохил мешавад, ки машғули истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, профилҳои алюминӣ, маснуоти алюминӣ ва маводи сохтмонӣ мебошад. Маҳсулоти мо дорои сертификат буда, ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалии сифат мебошад.  

Намудҳои асосии фаъолияти истеҳсолӣ:

  • лоиҳакашии созаҳо, маснуот ва ҷиҳози технологӣ;
  • истеҳсоли профилҳои исканҷашуда дар асоси алюминий ва хӯлаҳои он, тамғаи АДО, А6063 тибқи ГОСТ 22233-03;
  • васл кардани созаҳои филизӣ: блокҳои дару тиреза, витражҳо, дӯкончаҳои савдо ва витринаҳо, созаҳои намо аз профилҳои исканҷашуда аз рӯйи тарҳу нақшаи фармоишгар;
  • истеҳсоли молҳои ниёзи мардум: обдон, дегҳо, деги мантупазӣ, самоворҳо, зарфи хоҷагӣ аз варақаи алюминӣ ва хӯлаҳои он.
Омодагии техникии истеҳсолот лоиҳакашии маснуот ва ҷиҳози технологиро, ки барои аз худ кардани истеҳсоли он зарур аст, дар бар мегирад. Лоиҳакашӣ бо истифодаи САПР сурат мегирад. Баъдан технологияи тайёркунӣ, васлу пайвандкунӣ таҳия мегардад. 
Қитъаи тайёркунии асбобҳои исканҷа (қолибҳо) тамоми таҷҳизоти заруриро барои истеҳсоли 2000 маҷмӯъ дар як сол дар бар мегирад.
Ҷиҳози технологӣ барои исканҷа кардани профилҳо аз алюминий ва хӯлаҳои он.
Қитъаи коркарди термикии асбобҳои исканҷашуда. Хатти автоматонидашудаи ширкати «KOFI» Италия.
Хатти автоматонидашудаи истеҳсоли профилҳои исканҷашуда аз ду исканҷаи гидравликии иқтидораш 2200 тонна ва 1600 тоннаи ширкати «BREDA» Италия, инчунин қитъаи исканҷагарӣ, обутобдиҳӣ, тезобдиҳӣ ва буридани профилҳо иборат аст.  Маҳсулнокии солона – 10 ҳазор тонна профили категорияи мураккабиашон гуногун.
Овезаи профилҳо дар болоркрани автоматонидашуда пеш аз раванди анодноксозӣ.
Қитъаи рӯйкаши галваникӣ аз хатти компютеришуда аз 18 ваннаи ширкати «Alu К» иборат аст. Маҳсулнокӣ – 5000 тонна профили анодноксохта дар як сол. Ғафсии рӯйпӯш аз 5 то 20 мкм. Рангаш зарҳалӣ ва биринҷиранг, нуқрафом, тобиши рангҳои гуногун.
Бо хоҳиши супоришгарон профилҳои исканҷашуда бо рангҳои хокагӣ ва полиэфирӣ ранг карда мешаванд. Сех соҳиби таҷҳизоти технологии дахлдори ширкати италиявии «TRAVIZAN» иқтидораш 5000 тонна профили рангкардашуда дар як сол мебошад.

Тавсифи маҳсулоти истеҳсолшаванда

Истеҳсоли зиёда аз 400 номгӯй профилҳои исканҷашудаи алюминии мураккабиашон гуногун аз хӯлаҳои тамғаи АД0, A6060, A6063 тибқи ГОСТ 22233-03, андозаҳои максималӣ 170x170x6500 мм. ва ғафсии минималии девораҳо то 0,9 мм., ки бо анодноксозии ороишӣ рӯйпӯш шудаанд, ё бо хокаи полиэфирӣ ранг карда шудаанд.

Истеҳсоли созаҳои алюминӣ дар асоси профилҳои исканҷашуда

Қитъаи омодасозии истеҳсолот аз таҷҳизоти ширкатҳои пешқадами италиявӣ барои тайёр кардани лавозимот, зичкунандаҳои резинӣ, қисмҳои пластмассӣ ва фурнитураҳои дигари зарурӣ барои васлу пайвандкунии созаҳо иборат аст.
Хатти технологии истеҳсоли ширкатҳои италиявӣ барои маҷмӯъсозӣ, васли блокҳои дару тиреза (ба ду тараф ҷудошаванда, кушодашаванда), витражҳо, созаҳои намо, дӯкончаҳои савдо, витрина ва пештахтаҳо.
Блокҳои дару тирезаи ба ду тараф ҷудошаванда. Аз садо ва чанг муҳофизат карда, ҳавоногузар мебошанд ва ба шамоли сахт тобовар ҳастанд.

Витринаҳои савдо ва пештахтаҳо – намуди зоҳирии ҷалбкунанда, сабук ва мустаҳкам

Намоиши истифодаи созаҳои алюминӣ дар ороиши намои биноҳо дар мисоли Бинои тиҷоратии Садбарг ва Тоҷиксодиротбонк

Дӯкончаи савдою рӯзномафурӯшӣ аз профилҳои алюминии рангкардашуда васл гардидааст. Бо намуди зоҳирии ҷалбкунанда, сабукӣ ва мустаҳкамиаш фарқ мекунад.
Дӯкончаи савдои масоҳаташ 6 метри мураббаъ. Сайёр, васлу таҷзияаш содда, намуди зоҳириаш ҷалбкунанда, мустаҳкам. 
Хатти истеҳсоли созаҳои алюминӣ бо шишапакет (шишабандиаш дуқабата). Ба биноҳову иншоот ороиши муосир медиҳад, ҳавоногузар ва обногузар аст.
Истифодаи созаҳои алюминӣ ва профилҳои исканҷашуда дар ороиш ва зебосозии биноҳо. Босифат, саривақт ва зебо.
Созаҳои алюминӣ бо технологияи ширкати италиявии «Alu К» васл мешаванд. Ҳама намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда, ки ба фурӯш бароварда мешаванд, дар лабораторияҳои аккредитатсияшуда озмуда шуда, сертификати дахлдор мегиранд.

Истеҳсоли молҳои ниёзи мардум аз варақаи алюминӣ ва хӯлаҳои он.

Истеҳсоли беш аз 30 номгӯйи молҳои ниёзи мардум: обдон, дегҳо, деги мантупазӣ, самоворҳо, зарфи хоҷагӣ (қошуқ, коса, кружка, лаълӣ, каструл) ва ғайраҳо.

Қитъаи истеҳсоли обдонҳои алюминӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли 50 ҳазор адад маснуот дар як сол ҷиҳозонида шудааст.
Маҳсулоти қитъаи рехтагарӣ дегҳое мебошад, ки аз хӯлаи алюминӣ рехтагарӣ мешавад. 8 намуди деги андозааш аз 1 то 125 литр истеҳсол мешавад. Барномаи солонаи истеҳсол – 20 ҳазор адад.
Анвои зарфҳои хоҷагии аз варақаи алюминӣ истеҳсолшаванда беш аз 25 номгӯйро дар бар мегирад.
Деги мантупазӣ дар ошхонаи миллӣ барои омода намудани таомҳои буғпаз (манту, самбӯса, лӯлакабоб) истифода мешавад. Барномаи солонаи истеҳсол – то 40 ҳазор адад. Миқдори зарурии тӯрҳоро барои омода намудани таом барои теъдоди муайяни одамон истифода бурдан мумкин аст.
Дар қитъаи таҷрибавию озмоишӣ самоворҳои барқию аловӣ истеҳсол мешавад. Он барои дар як вақт таъмин намудани теъдоди зиёди истеъмолгарон бо оби ҷӯшонидашуда (чой) истифода мегардад.