• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Сохтмон

Дар таркиби ширкат Идораи сохтмон фаъолият менамояд.

Сохтмон ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятнок ва зарурии фаъолияти ширкати мо маҳсуб меёбад. Ба Идораи сохтмон нӯҳ қитъа шомил аст. Аз ҷумла, қитъаи дуредгарию мебелсозӣ, қитъаи тармими мукаммал ва ҷории иншооти асосии истеҳсолӣ, қитъаи васлгарӣ ва сохтмон, қитъаи корҳои сантехникӣ, қитъаи тармим ва сохтмони роҳҳои автомобилгард, қитъаҳои бомпӯшонӣ ва пардозгарӣ. Ҳамаи ин қитъаҳо чун воҳиди том кор мекунанд.

Аз ҷониби сохтмончиёни ширкат чунин объектҳои бузург сохта шудаанд: маркази савдои «Металлург», лагери кӯдаконаи «Ширкент», майдон ва боғи «Сомонӣ». Дар ду соли охир ду бинои нави истиқоматӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода ба баҳрабардорӣ супорида шуд, меҳмонхонаи «Ширкент» ва варзишгоҳи «Металлург» таҷдид карда шуд. Дар айни замон сохтмони бинои нави истиқоматӣ ва нишастгоҳи варзишгоҳ барои 15 ҳазор тамошобин идома дорад. Ин рӯйхатро метавон идома дод.

Қобили қайд аст, ки дар ҳамаи объектҳо маводи сохтмонии истеҳсоли худӣ истифода мешавад. Сехи истеҳсоли маводи сохтмонӣ беш аз 30 номгӯй маводи сохтмониро истеҳсол менамояд.

Аз он ҷумла:

  • рег,
  • шағал,
  • шағали ҷузъҳояш хурдандоза, 
  • асфалти регдор, 
  • асфалти хурддоначадор, 
  • асфалти миёнадоначадор, 
  • бетони ҷузъҳояш калонандоза:
  • бетони М100 - М400,
  • бетони ҷузъҳояш хурдандоза:
  • бетони М200 - М350,
  • маҳлули М20 - М150,
  • маҳлули оҳак,
  • маҳлули сементу оҳак М-25,
  • маҳлули сементу оҳак М-50,
  • хишти сохтмонӣ М-7,
  • шишаи моеъ Rо-1,36,
  • хишти оташбардор ШБ-5

Маводи сохтмонии номбаршуда бо нархи истеҳсолкунанда бе миёнарав фурӯхта мешавад.