• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Барномаҳои навсозӣ

ТАЛКО тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, натиҷагириҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим менамояд, ки ба барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, кам кардани хароҷот, муносибсозии истеҳсолот ва нигоҳдошти рақобатпазирӣ нигаронида шудаанд.

Яке аз чунин тадбирҳои муҳимтарин Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии энергетикии таҷҳизоти асосӣ ва хатҳои истеҳсолии ТАЛКО. мебошад. 

Бо супориши БОНКИ ҶАҲОНӢ гурӯҳи аудиторӣ бо сарварии ширкати норвегии  Norsk Energi, ки ба ҳайати он SINTEF MaterialsandChemistry, ЭСКО Энергоинжиниринг ва Таджгидро ва мутахассисони  ТАЛКО шомил шуданд,, соли 2012 арзёбии самаранокии энергетикии кулли истеҳсолоти асосӣ ва хатҳои истеҳсолии корхонаи алюминийи тоҷикро баргузор намуданд(бо ҳисоботи муфассали БҶ дар web-сайтҳо шинос шудан мумкин аст).

Бояд хотирнишон гардад, ки мутахассисони ТАЛКО бо ташаббус ва супориши роҳбарияти ширкат дар давоми 3 сол мустақилона арзёбии экспертии ҳолати итехникии таҷҳизоти истеҳсолиро баргузор намуданд.  Бинобар ин, ба сабаби ҳавасманд будан бобати ба даст овардани манзараи воқеӣ аз натиҷаҳои аудити энергетикӣ онҳо ба ҷараёни мазкур фаъолона ҳамроҳ гашта, ба аудиторон  маҷмуи пешниҳодоти таҳияшударо пешниҳод карданд, ки дар натиҷа ба экспертҳои байналмилалӣ имкон дод, дар муҳлати кутоҳ оид ба сарфаи энергия дар истеҳсолоти алюминий чорабиниҳои афзалиятнокро таъин ва нақшаи амалро таҳия намуда, ба он қисмати аъзами тавсияҳои мутахассисони Ширкати алюминийи Тоҷикистонро ворид намоянд.  

Аудити баргузоршуда нишон дод, ки техникаи асосии истеҳсолии ТАЛКО ҳанӯз соли 1975 мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфта, дар он замон тачҳихоти пешрафтатарин дар СССР маҳсуб меёфт. Айни замон бошад, захираҳои техникаи мазкур ба анҷом расида, таҷҳизот фарсуда гаштааст.

Зарурати наввсозии техникии корхонаи алюминийро ҳам аз нигоҳи таъмини бехатарии истеҳсолот, сарфаи барқ, экология ва низ аз бобати аҳамияти таъмини рақобатпазирии худи ширкат дар бозори ҷаҳонии алюминий дарк карда, ТАЛКО тайи танҳо 5 соли охир ба ин ҳадафҳо маблағи 464,1 млн. сомониро равона намуд. Бо ин ҳама мавҷуд набудани сармоягузории берунӣ ва нарасидани маблағҳои худӣ ба  ширкат имкон надоданд, ки навсозии истеҳсолоти асосиро ба анҷом расонад.  Ҳамзамон дар ширкат хотирнишон менамоянд, ки рақибони хориҷӣ ҳар чӣ бештар технологияи муосирро ба кор бурда, дар истеҳсолоти худ низоми автоматонидаро бо истифодаи технологияи сифатан нави сарфаи барқ  роҳандозӣ менамоянд.   

Вобаста ба натиҷаҳои аудити энергетикӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, зимни он тадбирҳои мушаххаси баланд бардоштани самаранокии энергетикии истеҳсолоти худӣ муайян гардидааст. Татбиқи онҳо бо назардошти вазъи феълии ширкат дар шароити буҳрони идомаёбандаи молиявӣ танҳо бо дастгирии воқеии давлатӣ ва сармояҳои хориҷӣ амалӣ шуда метавонад..

.Тибқи ҳисобҳои мутахассисони ширкат татбиқи Нақшаи чорабиниҳо маблағгузориҳо дар ҳаҷми $88,3 млн талаб менамояд, ки ҳамроҳи хароҷоти ҳамлу нақл маблағи . $101 млн ташкил хоҳад дод.

Дар маҷмуъ сарфаи неруи барқ дар корхонаи алюминийи тоҷик  дар як сол 1 млрд.155,2 млн, кВт/соатро ташкил хоҳад дод.. . .Аз ҷумла истеъмоли неруи барқ ба ин андозаҳо коҳиш хоҳад ёфт::

  • дар истеҳсолоти электролиз ба миқдори  955 млн. кВт/ с. дар сол.
  • дар истеҳсолоти  анод ба миқдори 3,2 млн. кВт/с. дар сол
  • дар иртибототи муҳандисӣ ба миқдори 197 млн. кВт/с. дар  сол.

Айни ҳол, вақте ки Тоҷикистон дар фасли зимистон бо камбуди шадиди неруи барқ рӯ ба рӯсту бунёди объектҳои нави истеҳсолкунандаи неруи барқ  боздошта шудааст, зарурати исбот кардани аҳамияти навсозии технологии ТАЛКО аз байн меравад, Амали мазкур имкон медихад, ки на танҳо самаранокии энергетикӣ дар ширкати алюминий афзойиш дода шавад, балки,  умуман, дар кулли кишвар таъминоти барқ беҳбуд ёфта, аҳолӣ, бахшҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маишии ҷумҳурӣ дар давраи камбуди энергетикӣ бо барқ  таъмин ёбанд.  

Ҳуҷҷати дахлдор ба баррасии роҳбарияти кишвар ирсол шуда буд. Дар ширкат бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикии таҷҳизоти асосӣ ва хатҳои истеҳсолии ТАЛКО комилан  дарк гардида, дастгирии пурра ёфт.