• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Рушди устувор

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ширкати азимтарини саноатии Тоҷикистон маҳсуб ёфта,  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки на танҳо ба нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявӣ ноил гардад, балки дар рушду шукуфоии кишвар, беҳбуд бахшидани рӯзгори кормандони худ ва аҳолии маҳалли ҷойгиршавии корхона ва умуман шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Дар ТАЛКО бар он боваранд, ки ба туфайли сиёсати иҷтимоии мутавозию самарабахш хавфу хатарҳои соҳибкорӣ коҳиш дода, рақобатпазирии ширкат мустаҳкам,  самаранокии фаъолияти ҳайати кормандон беҳ карда мешавад, қонунписандии комили ҳам шарикон ва ҳам истеъмолкунандагон ба даст оварда мешавад ва муҳим он аст, ки шӯҳрати тиҷорат- ҷомеа дар маҷмӯъ баланд бардошта мешавад.

ТАЛКО бо тамоми масъулият дарк менамояд, ки ояндаи индустрияи кишвар, ҳолати муҳити зист, беҳбудии рафоҳату рӯзгори кормандон ва мардуми маҳалли ҷойгиршавии корхона, ки шаҳрсоз маҳсуб меёбад, ба фаъолияти ширкат вобаста аст.

Мавқеи ТАЛКО дар бобати ташкили меҳнат, амнияти экологӣ ва саноатӣ, инчунин дастгирии ҷомеаи маҳаллии минтақаи фаъолияти худ бахши ҷудонашавандаи стратегияи корпоративӣ мебошад, ки ба фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои рушди устувори ширкат дар дурнамои дарозмуддат нигаронида шудааст.  

Тибқи натиҷагирии соли 2012 ТАЛКО ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Элитаи тиҷорати Тоҷикистон» дар бахши «Масъулияти иҷтимоӣ»  гардид.