• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

ISO 14001:2004

Масъалаи ҳифзи муҳити атроф вазифаи глобалии иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ояндаи тамоми инсоният ба он вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир имрӯз стандарти ISO-14001:2004 «Низоми менеҷменти экологӣ» ҳамчун василаи асосии байналмилалии ҳифзи табиат ҷиҳати назорат бурдан ба равандҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои бозорӣ амал менамояд. ТАЛКО масъулияти ҳалли масъалаҳои экологии глобалию минтақавиро низ комилан ба уҳда дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тарзу усулҳои муосиртарини ҳаллу фасли онҳоро амалӣ  намуда, ҳамзамон, аз ҷумла фаъолияти худро бобати ҳифзи муҳити атроф  ҷузъи таркибии тиҷорат ва саҳми хеш дар татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2019, санадҳои дигари қонунгузорию меъёрии миллию байналмилалӣ мепазирад.

Дар доираи татбиқи стратегияи экологии ширкат яке аз самтҳои аслии фаъолият такмили низоми корпоративии менеҷмент бобати идораи ҷанбаҳо ва хавфу хатарҳои экологӣ буда,  ТАЛКО соли 2010  дар ин ҷода ба мавриди амал қарор додани низоми байналмилалии ҳамгироии менеҷменти  ISO-14000 оғоз бахшида, дар моҳи июли соли 2013 бошад, санҷиши аудитории байналмилалӣ анҷом ёфта, мутобиқати низоми бехатарии экологиро дар Корхонаи алюминийи Тоҷикистон ба стандарти байналмилалии мазкур таъйид намуд. Аудит аз ҷониби ташкилоти олмонии дар саросари дунё машҳури TÜV SAAR CERT, ки дар таҷрибаи ҷаҳонии стандартонӣ нуфузи зиёд дорад, баргузор карда шуд. Дар ҳайати гурӯҳи аудитории байналмилалӣ экспертҳо – намояндагон аз кишварҳои Фаронса, Литва ва Қазоқистон ҳузур доштанд.

ТАЛКО аввалин корхонаи саноатии Тоҷикистон мебошад, ки сертификати мутобиқатро ба низоми байналмилалии ҳамгироии менеҷменти  экологӣ ISO-14000 соҳиб шудааст 

Аз ҷумлаи манфиату натиҷаҳое, ки ширкат зимни гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф ба даст оварда метавонад, инҳоро бояд хотирнишон кард: беҳбуд ёфтани маркетинг, босуботии истеҳсолот ва рушди рақобатпазирии ширкат, аз ҷумла ташаккули эътибори муносиби он, коҳиш додани хароҷоти дохилӣ, эҳтимолияти муштараконии хароҷоти соҳаи ҳифзи муҳити атроф бо манфиати иқтисодӣ  ва ба даст овардани имтиёзҳои иқтисодӣ, ба шумули имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ ва хадамоти ҳифзи табиат ва ғайра. Корбурди стандарти ISO-14000 ба роҳбарият ва кормандони КВД ТАЛКО, инчунин ҷонибҳои манфиатдори берунӣ кафолат ченкарду беҳбуд ёфтани таъсиротро ба муҳити атроф дода, дастур медиҳад, ки тамоми равандҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва баҳрабардорӣ бидуни истисно ба принсипҳои аслии бехатарии экологӣ  асос ёбанд.