• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Ҳифзи саломатӣ ва бехатарии истеҳсолот

Сатҳи баланди пешравии ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ дар истеҳсолот асоси рушди босуботи ТАЛКО, комёбии дарозмуҳлати он дар бахши тиҷорат маҳсуб меёбад.

Сиёсати соҳаи ҳифзи меҳнат ва бехатарии саноатӣ аз ҷониби тамоми бахшҳо, ба шумули бахшҳои фаръӣ, ки ба ҳайати ширкат дохил мешаванд, амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи стратегии мо – дар заминаи татбиқи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва бехатарии саноатӣ устуворона фаъолият намуда, ҷароҳатбардории истеҳсолиро, махсусан бо паёмадҳои ҳузнангези он, ба ҳадди имконпазир истисно намудан аст, ки  ба нияти аз ин ҷиҳат ба ширкати аз ҳама бехатар дар кишвар табдил ёфтан сурат мегирад.

Ширкат ҳадафмандона фарҳанги бехатариро роҳандозӣ намуда, муҳайёсозии шароити бехатари меҳнат(ба истиснои шароити мусоидаткунандаи вайронкарди талаботи бехатарӣ), ҳосил кунонидани малакаҳои рафтори бехатар, ҷалб кардани кормандонро  ба дарки бехатарӣ дар замина дорад.  

Ташхиси куллии низоми идораи хифзи меҳнат ва бехатарии истеҳсолӣ  таъини вазъи феълии он ҷузъи муҳими фаъолият дар ТАЛКО ба шумор меояд. Василаи асосии ташхиси низомоти идора дар соҳаи мазкур стандарти байналмилалии OHSAS 18001:2007.«Низоми менеҷменти бехатарии касбӣ ва саломатӣ» мебошад, ки соли 2013 дар ширкат ҷорӣ карда шудааст. Низоми мазкур бахше аз татбиқоти стратегияи идораи хавфу хатарҳо аз ҷониби ширкат буда, ба ҳадафи риояи талаботи тағйирёбандаи қонунгузории байналмилалию дохилӣ ва муҳофизати кормандони худ сурат гирифтааст. 

Низоми менеҷменти бехатарии касбӣ ва саломатӣ OHSAS 18001 низомоти менеҷменти сифатро, ки ба талаботи  ISO 9001 ва низомоти менеҷменти экологиро, ки ба талаботи ISO 14001 асос ёфтааст, пурра карда, дар низоми умумии идораи корхона ба ҳам меоянд, ки имкон медиҳад, ширкат ба бозори байналмилалӣ баромада, маҳсулоти он эътироф гардад.