• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Масъулияти иҷтимоӣ

Корхонаи алюминийи Тоҷикистон корхонаи шаҳрсоз ба ҳисоб рафта, дар заминаи он маркази бузурги ноҳия _ Турсунзода густариш ёфтааст. Аз ҳисоби корхона роҳҳо, дармонгоҳ, кӯдакистонҳо ва фароғатгоҳи тобистона бунёд ёфтааст. Дар худи корхона бошад, бахши иҷтимоиёт рушду нумуъ ёфта, объектҳои таъиноти иҷтимоию фарҳангӣ-истироҳатгоҳо, муассисаҳои тиббию кӯдаконаи беҳтарини кишвар  бунёд ёфтааст.  Корхона барои кормандони худ манзилҳои истиқоматӣ сохта, аёни ҳол сохтмони чунин объектҳоро  идома дода истодааст.  

Қисмати асосии кормандони корхонаро аҳолии ноҳияи Турсунзода ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, айни замон  ба шуғли аҳолӣ, инфрасохтор, вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва ноҳияҳои наздики он таъсир мерасонад. Амалан ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии Турсунзода фаъолияти худро зимни дастгирии молиявӣ ва моддию амволии ТАЛКО ба роҳ  мемонанд. 

Роҳбарияти ширкат комилан комилан эътироф менамояд, ки роҳандозии муваффақонаи тиҷорат бидуни муҳити созгори дохилию берунии иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст. ба рушду тараққиёти минтақаи маҳалли ҷойгиршавии ширкат ва минтақаҳои дигари кишвар маблағгузорӣ намуда, ТАЛКО  иқтидори болоравии сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, моддию маънавии одамонро ба вуҷуд меорад. 

Дар солҳои мавҷудияти худ фаъолияти иҷтимоии ТАЛККО таҳаввулоти ҷиддӣ дида,  аз амалӣ намудани барномаҳои рушд ва барномаҳои шарикӣ, ки ба сохтмон ва маблағгузолрии объектҳои таъиноти саноатию иҷтимоӣ нигаронида шуданд, оғоз гардидааст. Дар ин маврид омили асосӣ фароҳам овардани шароити хушсифати меҳнат, истироҳат, хизматрссонии тиббӣ ба кормандони ширкат ва аҳли оилаи онҳо; таъминот ва маблағгузории инфрасохтори ТАЛКО, объектҳои   таъиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ барои эҳтиёҷоти аҳолии минтақаи маҳалли ҷойгиршавии ширкат ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ мебошад. 

Дар ТАЛКО муносибатҳои рӯ ба пешомадҳои неки  созмондиҳии шарикии иҷтимоӣ бо  маъмуриятҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ  рушду  нумӯъ ёфтааст. Он имкон медиҳад, ки низоми ба қадри кофӣ самараноки идораи барномаҳои иҷтимоии ТАЛКО таъсис дода шавад, ки равандҳои иқдому ташаббускорӣ, нақшагирӣ ва бюҷетонии лоиҳаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад. Пойдевори муносибатҳои тарафайни мазкур аз принсипҳои ҳамкорӣ ва эҳтироми тарафайн бунёд ёфта, дар Кодекси одоби корпоратвии ТАЛКО, инчунин манфиати умумии марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидааст. 

Дар асоси муколама ва ҳамкорӣ дар сатҳи гуногуни маъмуриятҳо, инчуни мавриди омӯзиш қарор додани хусусият ва афзалиятҳои рушди ҳам минтақаи ҷойгиршавии ТАЛКО ва ҳам дар сатҳи умумимиллӣ ширкат гузаришро ба шакли ба низом овардашудаи фаъолияти иҷтимоӣ дар самтҳои зерин амалӣ намудааст: 

  • рушди инфрасохтори иҷтимоии маҳаллӣ;
  • барномаҳои тиббӣ барои кормандони ширкат ва аҳолдии маҳаллӣ;
  • дастгирии лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи миллӣ;
  • сохтмон ва тармими муассисаҳои таълимӣ;
  • сохтмони варзишгоҳҳо ва созмон додани чорабиниҳо;
  • рушди варзишҳои оммавӣ дар майдонҳои саҳни ҳавлиҳо;
  • тадбирҳои дигар. 

Ба ҳодисаҳои пураҳамияти соҳаи фаъолияти корпоративию иҷтимоӣ метавон сохтмон ва маблағгузории ширкатро ба як қатор объектҳо ном бурд, ки соли 2011 – дар соли ҷани 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маврии баҳрабардорӣ қарор гирифтанд: 

  • сохтмони маркази солимгардонии кӯдакон дар шаҳри Турсунзода, воқеъ дар боғи «Сомонӣ», дорои ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол ва корти теннис, бинои маркази компютерӣ ва аттраксионҳои гуногун;
  • сохтмони мактаб барои 640 хонанда дар шаҳраки Пахтаобод; 
  • корҳои марбут ба сохмони мукаммали даромадгоҳи асосӣ ва блоки иморати фароғатӣ дар хонаи пиронсолони Батоши ш. Турсунзода ба иҷро расиданд;
  • бинои собиқи «Тоҷиктекстилмаш», ки филиали Институти пӯлоду хӯлаи Маскав ҷойгир шудааст, таъмиру тармим  карда шуд;
  • Дар рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ  и Синои шаҳри  Душанбе 20 майдончаи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки сохтмони он бо ташаббус ва зимни иштироки сарпарастии ширкати алюминийи тоҷик ва шарикони хориҷии он сурат гирифтааст; 
  • ба мақсади мусоидат ба тақвияти худогоҳӣ ва худшиносии мардуми Тоҷиистон ТАЛКО ба сифати ташаббускори лоиҳаҳое баромад намудааст, ки ба тарғиби кишвар ва рамзҳои давлатӣ нигаронида шудаанд. Соли 2011 ширкат барои тайёр кардан ва ба намоиш гузоштани навори рекламавии кишвар дар канали телевизионии Euronews маблағгузорӣ намуда, корҳои сохтмонию тармимиро ҷиҳати бунёди парчампояи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон аз ҳама баланд буда, 165 метр мебошад, амалӣ намуд. 

Мана он номгӯйи нопурраи лоиҳаҳои таъиноти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Ширкати алюминийи тоҷик танҳо дар соли ҷашнӣ ба иҷро расидаанд. 

Ба вазифаҳои муҳимтарини ТАЛКО дастгирии барномаҳои ҳукуматӣ, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои мамлакат ба ҳисоб гирифта шудаанд, шомил мебошад. Дар ин бобат аз ҷониби ширкат сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду корхонаи хиштро қайд кардан бамаврид аст: моҳи марти соли 2010 дар шаҳри Данғара бо иқтидори солонаи лоиҳавии хишти сохтмонӣ ба миқдори 15 миллион дона ва моҳи августи соли 2011 дар ноҳияи Рӯдакӣ, бо иқтидори беш аз 20 миллион адад. Дар асоси ин объектҳо 350 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Тӯли солҳои охир роҳбарияти ТАЛКО ғояҳои нави тиҷоратиро пешниҳод намуд. Мутобиқи онҳо Лоиҳаҳои мақсадноки инвеститсионӣ пурра таҳия гардиданд, ки дар онҳо самти мураттаби ширкат барои таҳияи тадбирҳо оид ба гузариши соҳаи алюминий ба маҷрои инноватсионӣ, созмондиҳии истеҳсолоти дорои технологияи баланд ва шароитҳои асосии таъминоти худии корхона бо таркиботи асосӣ барои истеҳсоли алюминий дода шудааст. 

Дар доираи татбиқи Дастурҳои мақсадноки ТАЛКО дар айни замон ду лоиҳаи бузург амалӣ мегардад. 

Лоиҳаи якум Барномаро ҷиҳати истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мегирад. Асоси онро ҷалби иқтидори саноати ватанӣ дар системаи истеҳсоли алюминий ташкил медиҳад. Дар айни замон беш аз 60% тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли алюминий ва қисмҳои эҳтиётӣ дар заминаи заводу корхонаҳои ватанӣ амалӣ мегардад, ки дар онҳо беш аз 4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Раванди ҳамгироии аз ҷониби ТАЛКО роҳандозишуда, ки бо ҷойгиронии супоришҳои ширкат дар корхонаҳои Тоҷикистон мушоиат менамояд, на танҳо ба рушди саноати ватанӣ тавассути дастгирии истеҳсолӣ ва молиявӣ таъсири мусбат мерасонад, балки ҳамчун омили қавии иҷтимоӣ зуҳур мегардад. 

Ҷониби дигари фаъолгардонии сиёсати ширкати алюминийи тоҷик афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли маснуоти алюминӣ мебошад, ки ҳамчунин имкониятҳои ҳамкориҳои мутақобиларо дар асоси кооператсияи истеҳсолӣ бо корхонаҳои ватанӣ, алалхусус, ҶСК «Регаркабел», ҶСК «Дорооҳангар», ДПМТО «Тоҷикэнергоснаб», ҶММ «Шоҳон» ва беш аз 30 корхонаи дигариТоҷикистон васеъ мегардонад. Дар ин қарина қайд кардан бамаврид аст, яъне ширкат инчунин дар самти объектҳои саноати худӣ, ки маҳсулоти корхонаи алюминбарории Тоҷикистонро истифода мебаранд, фаъолият менамояд. Ба ин махсусан, корхонаи дар шаҳри Душанбе бунёдгардидаи TALCO CABLE барои 200 ҷой шомил аст, ки ҷавобгӯйи тамоми талабот мебошад, ки корандозии он моҳи августи соли 2011 баргузор гардида буд. 

Лоиҳаи дуюм татбиқи Барномаи гузариши ТАЛКО- ро дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаро мегирад, ки корандозии он ба воситаи таъсиси сохторҳои нави тиҷоратӣ – Ширкати энергетикию металлургӣ, Корпоратсияи кимиёвию металлургии Тоҷик (ККМТ) ва Ширкати махсуси лоиҳакашӣ – SPV (SpecialPurposeVehicle) амалӣ мегардад, пас аз он корхонаи алюминбарории тоҷик тахминан бо 60% гилхок, фториди алюминий, криолити маҳаллӣ, маҳсулоти графитӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин хоҳад гардид. Дар доираи Барномаи гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ объектҳои истеҳсолии аллакай мавҷудбуда ва сохтмони объектҳои нави саноатӣ, тақрибан 20 адад ба нақша дароварда мешавад, ки онҳо барои 16 ҳазор ҷойи кори иловагӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Гузашта аз он муваффақияти афзалиятҳои рақобатӣ, ки ширкат ният дорад онро дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба даст орад, ин- ба тарзи илова зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот нисбат ба иқтидорҳои мавҷудаи корхонаи алюминбарорӣ; истеҳсоли нерӯи барқи худӣ ва бинобар ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии тамоми бахшҳои худ; паст кардани арзиши аслии истеҳсоли алюминий – ТАЛКО, зимни ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои энергетика, металлургия, кимиё ва истихроҷи маъдани ҷумҳурӣ, инчунин дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои фаъолияти лоиҳаҳои зикршуда саҳми асосӣ ворид карда метавонад.