• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

МД ПИТ металлургия

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и КВД «Ширкти Алюминийи Тоҷик» мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10. с.2009  №613. таъсис дода шудааст. 

Ба пажӯҳишгоҳ аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми кимиё, профессор Ҳайдар Сафиев роҳбарӣ менамояд. 

Вазифаҳои асосӣ (оинномавӣ)-и Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия» таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи технологияи аз лиҳози илмӣ асосноки инноватсионии гузариши ТАЛКО ба ашёи хоми маъдании маҳаллӣ, кам кардани таъсири манфии партовҳои истеҳсолии он ба муҳити атроф, такмили равандҳои технологӣ ва конструксияҳои электролизёрҳо барои истеҳсоли алюминий мебошад. 

Дар дурнамои фаъолияти пажӯҳишгоҳ инчунин ҳаллу фасл масъалаҳои ба ҳам монанди корхонаҳои кимиёвию металлургии кишвар дар назар дошта шудааст. 

Сохтори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия» дар асоси мақсаду вазифаҳо дар дурнамои наздик, ки дар назди пажӯҳишгоҳ гузошта шудаанд, аз ҷониби роҳбарияти ТАЛКО созмон додав а тасдиқ карда шудааст.

Организационная структура управления

ГУ «Научно-исследовательский институт металлургии» ГУП «ТАлКо»

Сохтори ташкилии идора ду самти асосии фаъолияти пажӯҳишгоҳро дар ба мегирад:

  1. Таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи технологияҳои иннвотсионӣ оид ба коркарди маҷмӯии гилхоки маҳаллӣ ва ашёи хоми карбондор ва партовҳои саноатии истеҳсолоти алюминий.
  2.  Озмоишоти таҷрибавию саноатӣ  ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, тавассути таъсиси технопарк ва қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ  дар заминаи саноатии ТАЛКО. 

Бахшҳои сохтории алоҳидаи пажӯҳишгоҳ бевосита дар Корхонаи алюминийи тоҷик  дар бинои лабораторияи марказии корхона фаъолият менамояд. МД «ПИТМ» инчунин ба сехи озмоишу таҷрибаи ТАЛКО аз лиҳози  методӣ роҳбарӣ менамояд. 

  1. Омӯзиши ҳаҷм, таркиб ва хосиятҳои гилхоки маҳаллӣ  ва ашёи хоми маъдании карбондор: сиенитҳои нефелинии кони «Турпи»,маъданҳои ставролит-мусковитии кони «Курговат», ангишт ва гили каолинии кони «Зидди» и «Фон-Яғноб»,  антраситҳои кони «Назар-Айлоқ», ба мақсади таҳияи технологияҳои аз онҳо ҳосил намудани гилхок, маводи оташбардор ва маҳсулоти электродӣ (анодҳо, блокҳои катодию канорӣ). 
  2. Баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ оид ба такмили технологияи истеҳсоли алюминий ва анодҳои пухта, конструксияҳои ҷузъҳои алоҳидаи электролизёрҳо. 
  3. Ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ташкили технопаркҳо ва қитъаи таҷрибавию истеҳсолӣ ба мақсади аз санҷиши саноатӣ гузаронидани технологияҳои таҳияшуда ва истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ барои ТАЛКО. 
  4. Вусъат бахшидани робитаҳои илмию истеҳсолӣ бо ташкилоту муассисаҳои хориҷию ватанӣ, ки фаъолияти худро дар соҳаҳои металлургӣ, кимиёвӣ ва маъданҳои кӯҳӣ амалӣ менамоянд, дар бахши илм, таҳсилот ва иттилооти илмию техникӣ. 
  5. Омодасозии кадрҳо ва мутахассисони  баландихтисоси илмӣ барои соҳаҳои илм ва саноат. 

Сарфи назар аз давраи кӯтоҳи фаъолият кормандони пажӯҳишгоҳ ҷиҳати ҳаллу фасли вазифаҳои гузошта ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, зеро  теъдоди асосии кормандони илмии МД «ПИТМ» ба мушкилоти зикргардида муддати 20-30 сол машғул буда, дар бахши коркарди ашёи хоми гилхокдор ва партовҳои саноатӣ, истеҳсоли алюминий ва анодҳои пухта, баргузории корҳои кашшофии геологӣ ва аз худ намудани захираҳои маъданҳои маҳаллӣ дониши амиқ ва таҷрибаи калон доранд.