• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Мониторинг

Дар Корхонаи алюминийи тоҷик оид ба назорати (мониторинги) олудагии муҳити зист мунтазам кор бурда мешавад, нақшаҳои ҳарсолаи тадбирҳои ҳифзи табиат, инчунин ҳисоботи иҷрои онҳо таҳия карда мешаванд. Корҳои мазкур аз ҷониби бахши сохторӣ- Хадамоти ҳифзи муҳити зист бо ҷалби ташкилоту лабораторияҳои махсус ба роҳ монда ва ҳамоҳанг карда мешавад. 

Хадамоти назорати аналитикии кумитаи ҳифзи муҳити атроф дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи лабораторияи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати арзёбии таъсири корхона ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ мунтазам назорат мебаранд.

Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳо ва пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати омӯзиши таъсири моддаҳои олудасозанда ба объектҳои олами ҳайвоноту наботот, ҳолати санитарии сехҳо, ҳудуди корхона ва минтақаи ҳамшафати он корҳо анҷом меёбанд.

МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ АТРОФ

Лабораторияи саноатии дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» амалкунанда тибқи нақшаи ҷадвалӣ, ки роҳбарияти корхона тасдиқ намудааст, ва бо мақомоти давлатии назораткунанда мувофиқа шудааст, корҳои зеринро баргузор менамояд:

ченкунии дараҷаи ғилзати моддаҳои зарарнок дар фазои ҷойи кор – 4600 намуна дар як сол,  дар минтақаҳои аҳолинишин дар ҳудуди 10 км атрофи корхона то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 2450 намуна дар як сол; 

гирифтан ва таҳлил намудани об аз 25 манбаи оби кушода ва зеризаминӣ – 300 намуна дар як сол; 

ченкунии сатҳи рушноӣ ва афканишоти радиатсионӣ дар ҷойҳои кор, назорат намудани ҳолати ҳавоногузарии электролизёрҳои амалкунанда; 

ченкунии самаранокии кори иншооти газтозакунӣ. 

Ченкуниҳои баргузоршудаи дараҷаи ғилзати гидрогени фтордор ва фторидҳои сахт дар ҳавои маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи корхона то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон дар радиуси 10 км дар 11 нуқта нишон дод, ки дар даҳ соли охир ягон ҳолати баланд шудани ҲИДҒ гидрогени фтордор, ки меъёри муқарраргардидаи он  0,005 мг/м.мукаабро ташкил медиҳад, қайд нашудааст. 

Дараҷаи ғилзати миёнасолонаи гидрогени фтордор (НF) дар ҳавои маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи корхона дар солҳо  (бо мг/м3) ҲИДҒ = 0,005 мг/м3

Динамикаи дараҷаи ғилзати миёнасолонаи гидрогени фтордор дар ду маҳалли аҳолинишин (Ширкент, Ташкалак ва к-зи ба номи Назиров), ки дар масофаи 0,5, 2 ва 8 км. аз корхона то сарҳади ҶӮ ҷойгир шудаанд

Диаграммаи дар боло овардашуда нишон медиҳад, ки дараҷаи ғилзати гидрогени фтордор дар маҳаллаҳои аҳолинишини Ширкент (0,5 км.), Ташкалак (0,2 км.) ва к-зи ба номи Назиров (8,0 км.) ва то сарҳади ҶӮ аз меъёри муқарраргардида ба таври назаррас паст буда, баробари дур шудан аз корхона якчанд маротиба коҳиш меёбад. 

Маълумот:

Дар лоиҳаи аввалини ҳадди иҷозатии дараҷаи ғилзати партовҳои атмосферӣ барои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба миқдори 34090,30 тн./сол пешбинӣ шуда буд, дар баробари ин дараҷаи ғилзати моддаҳои зарарнок набояд аз ҲИДҒ муқарраршуда зиёд бошад. 

Аз соли 2010 сар карда, тибқи лоиҳаи муваққатан мувофиқашудаи партовҳо, ки бо Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити атрофи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, миқдори иҷозатии партовҳои умумӣ барои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 25460,776 тн./солро ташкил медиҳад, ки аз лоиҳаи аввалин хеле кам аст. 

Фони радиатсионӣ

Соли 2010 Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти давлатии танзимкунандаи таъминоти бехатарии радиатсионии кишвар) мониторинги радиатсионии гамма-фонро дар ҳудуд ва атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Турсунзода баргузор намуд. 

Дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди корхона ва берун аз он, аз ҷумла, дар минтақаи партовгоҳи партовҳои сахт, назди ҳавзи таҳшинот, дар маҳалҳои дастгоҳҳои газтозакунӣ, ҳудуди беруни иморатҳои алоҳида, инчунин масофаи 7 ва 10 км аз корхона ба ҷониби сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон ва минтақаи наздисарҳадӣ ченкуниҳо баргузор шуданд. 

Натиҷаҳои ченкард нишон дод, ки фони радиатсионӣ дар минтақаҳои ченкунӣ аз 0,07 – 0,13 мкЗв/соат зиёд нест (ба ҷадвали поёнӣ нигаред), ки мутобиқ ба меъёрҳои таъсири манфӣ нарасонанда ба вазъи саломатии аҳолӣ мебошад. 

Дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии ҷуғрофӣ фони радиатсионӣ аз 0,05 то 0,45 мкЗв/соат каму зиёд мебошад, фони радиатсионии миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,25 – 0,30 мкЗв/соатро ташкил медиҳад. Маълумоти мазкур нишон медиҳад, ки фони радиатсионӣ дар ҳудуд ва атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Турсунзода аз меъёри ниҳоии иҷозатии бехатарии радиатсионӣ (0.6 мкЗв/соат) тақрибан 4-5 маротиба кам аст, инчунин фони радиатсионии техногенӣ мавҷуд нест.

Ченкард тавассути бо асбобҳои муосири дозиметрӣ (дозиметри намуди Radio Gem 2000), ки МАГАТЭ дар доираи ёрии техникӣ пешниҳод намуда буд, баргузор гардид. 

Ҷадвал: Натиҷаҳои ченкунии иқтидори дозаи гамма-фон дар ҳудуд ва атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Турсунзода

изм.

Географические

координаты

Название места

Средняя мощность

дозы гамма фона

мкЗ в/час

Примечание

1.

Широта,

Север

38° 32' 73''

Свалка твердых отходов № 1, «Черная гора»

0,071 - 0,120

Общая площадь

3,5 гектара

Долгота, Восток

068° 12' 65''

2.

Широта,

Север

38° 32' 33''

Свалка твердых отходов № 2

0,071 - 0,130

Общая площадь

3,5 гектара

Долгота, Восток

068° 12' 32''

3.

Широта,

Север

38° 32' 49''

Шламовое поле №1, №2, № 3

0,08 – 0,09

Общая площадь

3,5 гектара

Долгота, Восток

068° 12' 56''

4.

Широта,

Север

38° 32' 62''

Газоочиститель

0,07 – 0,08

Место выхода газов

Долгота, Восток

068° 12' 82''

5.

Широта,

Север

38° 32' 70''

Корпус электролизного цеха

0,07 – 0,08

Снаружи

Долгота, Восток

068° 12' 80''

6.

Широта,

Север

38° 32' 30''

Площадь перед алюминиевым заводом

0,07 – 0,08

 

Долгота, Восток

068° 13' 54''

7.

Широта,

Север

38° 30' 48''

7 км. от завода в сторону границы с РУ

0,08 – 0,11

 

Долгота, Восток

068° 08' 67''

8.

Широта,

Север

38° 30' 38''

10 км. от завода, пограничная зона

0,08 – 0,10

 

Долгота, Восток

068° 06' 74''

Амалӣ намудани тадбирҳои бехатарии экологӣ дар соли 2013 ва семоҳаи аввали соли 2014 

Дар соли 2013 ва семоҳаи аввали соли 2014  КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иҷрои тадбирҳои ҳифзи муҳити атрофро, ки дар руйхати асосии тармими мукаммали таҷҳизот ва нақшаи тиҷоратии корхона пешбинӣ гардидааст, идома дод. 

Аз рӯйи маълумоти лабораторияи саноатии корхона ва филиали лабораторияи махсусгардонидаи назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити атрофи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дараҷаи ғилзати ниҳоии якмаротибагӣ, миёнашабонарузӣ, миёнамоҳона ва миёнасолонаи гидрогени фтордор дар ҳавои шаҳри Турсунзода ва маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи корхона дар радиуси то 10 км аз меъёри ҳадди иҷозатӣ зиёд набуд. 

Дар соли 2013:

  • Вазъи ҳавои атмосфера дар ҷойҳои кор ва маҳалҳои аҳолинишини атрофи корхона: тибқи нақша таҳлили 11100 намунаи ҳавои ҷойҳои кор ва 3906 намунаи он дар маҳалҳои аҳолинишини  атрофи корхона ба ҷо оварда шуд, ки мутобиқи он миқдори фтор аз меъёр зиёд нест.. 
  • Ҳолати обҳои зеризаминию рӯйизаминӣ, хок ва рустаниҳо дар ҳудуд ва атрофи корхона:аз 19 нуқта 550 намунаи об барои таҳлил гирифта шудааст, ки 398 адади он барои таҳлили фтор аст.  
  • 1188 маротиба ченкарди дозиметрӣ сурат гирифтааст.
  • Вобаста ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат 19 санҷиши куллӣ ва 716 санҷиши фаврӣ баргузор намуда, дар натиҷа иҷрои 376 банди чорабинӣ пешниҳод шуда, аз инҳо 276 банд ба иҷро расида, иҷрои 109 банд хусусияти дарозмуҳлат дорад..
  • Маблағи умумии хароҷоти таъмини тадбирҳои ҳифзи муҳити атроф дар  9 моҳи соли  2013  30,7 млн. сомониро ташкил дод.

Дар семоҳаи аввали соли  2014:

  • Вазъи ҳавои атмосфера дар ҷойҳои кор ва маҳалҳои аҳолинишини атрофи корхона: тибқи нақша таҳлили 2637 намунаи ҳавои ҷойҳои кор ва 650 намунаи он дар маҳалҳои аҳолинишини  атрофи корхона ба ҷо оварда шуд, ки мутобиқи он миқдори фтор аз меъёр зиёд нест.. 
  • Ҳолати обҳои зеризаминию рӯйизаминӣ, хок ва рустаниҳо дар ҳудуд ва атрофи корхона:аз 14 нуқта 42 намунаи об барои таҳлил гирифта шудааст.  
  • 303 маротиба ченкарди дозиметрӣ сурат гирифтааст.
  • Вобаста ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат 5 санҷиши куллӣ ва 11 санҷиши фаврӣ баргузор намуда, дар натиҷа иҷрои 35 банди чорабинӣ пешниҳод шуд.
  • Маблағи умумии хароҷоти таъмини тадбирҳои ҳифзи муҳити атроф дар  се моҳаи авввали соли  2014  7,8 млн. сомониро ташкил дод.

Ба ҳадафи соҳиби сертификати стандарти байналмилалии экологӣ ISO-14000 ва ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ дар истеҳсолот OHSAS-18000 шудан ширкат дар соли 2013 як қатор тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои зеринро ба иҷро расонид:

  • Аудити дохилӣ ва оид ба масъалаҳои риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи муомила бо партовхо ба таври илова аудити махсус баргузор карда шуд.
  • Рӯйхати ҷанбаҳои мушаххаси экологӣ дар корхона таҳия карда  шуд.
  • Рӯйхати ҷанбаҳои  экологии муассир нисбат ба муҳити атроф муайян ва таҳия карда  шуд..
  • Мақсад ва вазифаҳои коҳиш додани таъсироти ширкат ба муҳити атроф таҳия карда шуд. 
  • Таҳсили мутахассисони корхона дар курсҳои таълими аудиторон оид ба низоми ҳамгироии менеҷмент доир карда шуд..
  • Дар оғози моҳи апрели соли 2013 аудити пешакии берунӣ оид ба низоми ҳамгироии менеҷмент доир карда шуд.
  • 5 июли соли 2013 санҷиши аудитории байналмилалӣ анҷом ёфта, мутобиқати низоми экологии менеҷменти Корхонаи алюминийи Тоҷикистонро ба стандарти байналмилалии экологӣ ISO-14000 ва ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ дар истеҳсолот OHSAS-18000  таъйид намуд. 

Вазъи мухити атроф ва ҷараёни иҷрои чорабиниҳои корхона марбут ба ҳифзи табиат дар воситаҳои ахбори оммаи корхона, нохия ва ҷумҳурӣ мунтазам инъикос карда мешавад.