• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Стратегияи экологӣ

Моҳи марти соли 1975 лаҳзае, ки  Заводи алюминии Тоҷикистон ба кор андохта шуда буд, дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистии собиқ технологияи истеҳсоли алюминийи  дар корхонаи мазкур, албатта, зимни риояи ҳамаи меъёрҳои силсилаи технологӣ,  пешқадамтарин ва аз лиҳози  экологӣ тозатарин ба ҳисоб мерафт. Албатта, замона  як ҷо намеистад,  пеш  меравад ва баробари он технология  низ барои  то ҳадди аққал кам кардани таъсир ба муҳити зист  тағйир меёбад. 

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо дарки зарурати навсозии корхонаи алюминий, ҳам аз назари таъмини амнияти истеҳсолот, сарфаи энергия, экологинокӣ ва ҳам аз назари муҳимияти таъмини ширкат бо рақобатпазирии худ дар бозори ҷаҳонии алюминий, аз замони бунёди худ ба ин мақсад маблағҳои ҳангуфт равона намудааст. Айни ҳол ТАЛКО яке аз корхонаҳои камшуморест, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ  аз ҳисоби худ маблағгузорӣ менамояд. 

Низоми идораи ҳифзи муҳити атроф дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз бобати сохторию амалкард алҳол ташаккулёфта мебошад. Низоми мазкури идоракард мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалию миллӣ рушд ёфта, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф асос ёфтааст.

Сиёсати экологии ТАЛКО ба хосияти таъсири корхона ба муҳити зист мутобиқат карда, уҳдадориҳоро дар бобати доиман беҳбуд ёфтани сифати муҳити зист, пешгирии ифлосшавии он ва риояи талаботи қонунгузории ҳифзи табиат дар бар мегирад. 

Сиёсати экологии мо дар маҷмуъ ба ҳифзи муҳити атроф, истифодаи самараноки захираҳо, бехатарӣ ва солимии кормандони корхона, аҳолии минтақаи ҷойгирифтаи ширкат ва ҳудудҳои ҳамсарҳади он нигаронида шуда, ӯҳдадориҳоро дар бобати доиман беҳбуд ёфтани сифати муҳити атроф, пешгирӣ намудани олудагии он ва риояи талаботи қонунгузории ҳифзи табиат дар бар мегирад.

Мавқеи мо: 

Ширкат масъулияти ҳалли проблемаҳои экологии минтақавию умумиҷаҳониро ба андозаи комил ба зимма гирифта, саъйу кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тарзу усулҳои навтарини ҳаллу фасли онҳоро амалӣ намояд.

Ширкат фаъолиятро дар бобати ҳифзи муҳити атроф чун қисми ҷудонашавандаи тиҷорат ва чун саҳми худ дар татбиқи барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, санадҳои дигари қонунгузорию меъёрии байналмилалию миллӣ баррасӣ менамояд.

Мақсади мо: 

Нишондиҳандаҳои экологиро бо назардошти имкониятҳои воқеии ширкат ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ доиман беҳбуд бахшад.

Принсипҳои мо:

Зимни қабули ҳама гуна қарори идоравӣ ширкат принсипҳои зеринро дастури амал қарор медиҳад:

  • ошкор кардан ва арзёбӣ намудани таваккалҳо барои муҳити атроф, муқаррар намудани мақсадҳо ва ба нақша гирифтани кор бо назардошти масъалаҳои идораи таваккалҳои экологӣ;
  • иҷро намудани талаботи қонунгузории миллӣ, экологӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, инчунин ӯҳдадориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф, ки ихтиёрӣ қабул намудааст;
  • ба кор бурдани технологияю усулҳои беҳтарини дастрас ҷиҳати пешгирии олудагӣ, ба ҳадди ақал расонидани хатарҳои садамаҳои экологӣ ва омилҳои дигари таъсироти манфӣ ба муҳити атроф;
  • баругузор намудани таълими кормандони ширкат оид ба талаботҳои экологие, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо марбут мебошад, ҷиҳати дарки беҳтари имконияту масъулияти онҳо, инчунин оқибатҳои онҳо барои муҳити атроф дар сурати вайрон намудани чунин талабот;
  • ба назар гирифтани андешаю афкор ва манфиатҳои ҷонибҳои манфиатдошта, муқаррар намудани талаботи экологӣ зимни интихоб кардани таҳвилгарону паймонкорон ва мусоидат намудан ба онҳо дар иҷрои чунин талабот;
  • муқаррар намудан, ченкард ва арзёбии нишондиҳандаҳои экологӣ, инчунин баргузор намудани хударзёбии мутобиқат ба қонунгузории миллии экологӣ, созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили онҳо мебошад, инчунин уҳдадориҳое, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф ба таври ихтиёрӣ қабул карда шудааст;
  • ошкоро ба намоиш гузоштани нақшаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти экологии худ, аз ҷумла, тавассути ҳисоботҳои оммавии ширкат.

Старатегияи экологии мо:

  • кам кардани моддаҳои ихроҷшавандаи олудасозӣ ба атмосфера;
  • анборсозии бехатари партовҳо ва афзоиш додани ҳиссаи коркардшаванда ва истифодашавандаи онҳо;
  • такмил додани низоми корпоративии менеҷмент ба ҳадафи идора намудани ҷанбаю таваккалҳои экологӣ.