• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Технологияҳои худӣ

Таҳқиқоти экологӣ ва таҳияи технологияҳои инноватсионӣ оид ба коркарди партовҳои истеҳсолоти алюминий вазифаи афзалиятноки пажӯҳишгоҳ маҳсуб меёбад. Пажӯҳишгоҳ дар миқёси саноатӣ оид ба коркарди фтор, партовҳои гилхокдори Корхонаи алюминийи тоҷик: ҳавзи таҳшиноти сехи газтозакунӣ, безиши партовҳои сахт, кафки электродии ангиштӣ, блокҳои катодии коркардшуда, ва ғ.  як қатор технологияҳоро таҳия ва аз санҷиш гузаронидааст. Технологияҳои таҳиягардида бо ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ – патентҳои авруосиёӣ ва миллӣ ба ихтироъкорӣ ҳимоя карда шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва озмоишҳои саноатӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузориш дода, дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанию хориҷӣ ба нашр расидааст. 

Ба муносибати 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Истеҳсолоти алюминий дар электролизёрҳо бо анодҳои пухта», ки барои доираи васеи мутахассисон пешбинӣ гардидааст, аз чоп баромад.