• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Алюминий ва муҳити атроф

Ҳама гуна истеҳсолоти металлургӣ бо хавфу хатари экологӣ алоқаманд аст. Илова бар ин истеҳсоли алюминий бехавфтарин маҳсуб меёбад. Партовҳои моддаҳои ифлоскунанда дар саноати алюминий асосан ба ҳосил кардани нерӯи барқи зарурӣ аз сӯзишвории органикӣ, аслан на ба истеҳсол вобастаанд. Агар корхона қувваи НБО- ро истифода барад, он гоҳ партовҳои зараровари ба атмосфера ихроҷшаванда вуҷуд надоранд.

Маълумот: ҳангоми истеҳсоли алюминий ТАЛКО нерӯи барқи обиро истифода менамояд.

Афзалияти муҳими алюминий аз нуқтаи назари ҳифзи муҳити атроф ҳамон далел маҳсуб меёбад, ки ин филиз ба дараҷаи аъло, бидуни талафи хосиятҳои нодири худ мавриди коркарди дубора қарор мегирад. Илова бар ин сарфакории ниҳоят калони қувваи барқ рӯй медиҳад: барои бозгудозиш ва истеҳсоли алюминийи бозистифода ҳамагӣ 5% энергия, ки барои истеҳсоли алюминийи аввалия зарур аст, талаб карда мешавад, ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонагӣ бошад, ҳангоми истеҳсоли алюминийи бозистифода 5% аз миқдори партовҳо ҳангоми истеҳсоли алюминийи аввалия дар бар мегирад.

Алюминий филизи сабук номида мешавад. Ин чунин маъно дорад: чӣ қадаре алюминий ҳангоми истеҳсоли воситаҳои нақлиёт зиёдтар истифода гардад, ҳамон қадар онҳо аз лиҳози энергия самараноктар мегарданд ва бинобар онҳо сӯзишвориро ҳамон қадар камтар талаб менамоянд. Ҳамаи ин боиси пастшавии хавфу хатар барои муҳити атроф мегардад.

Инқилоб дар меъморӣ ба ҷустуҷӯйи масолеҳи нави сохтмон оварда расонид. Алюминий, новобаста аз нармии он, дар эко- меъморӣ ва сохтмон ниҳоят дархостшаванда аст. Аксарияти хӯлаҳои алюминӣ нисбат ба зангзанӣ ниҳоят устуворанд. Муҳлати хизмати маснуот аз чунин хӯлаҳо камаш 80 сол аст. Ҳатто шароитҳои аз ҳама ниҳоӣ ба сифати масолеҳ таъсир намерасонанд, хусусиятҳои таркибӣ ҳатто ҳангоми тағйирёбии ҳарорат боқӣ мемонанд. Алюминий моддаҳои зараровар ва хавфнок ҷудо наменамояд, қобилияти баланди гармигузаронӣ дорад. Ҳамаи ин сифатҳо алюминийро барои муҳити атроф ҷавобгӯйи талаботи экологӣ менамояд.