• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Арзиши аслии истеҳсолот

(Маъулмотҳо дар ҳолати то 01.01.с.2014 пешкаш гардидаанд)

Таҳлили 2 соли ахир пешдидҳои экспертии ширкатро тасдиқ намуд: замони буҳрони солҳои 2008-2009 арзиши аслии алюминий якҷоя дар баробари поён рафтани нархи он паст гардид, дар солҳои 2012-2013 нарх ва арзиши аслӣ ба самти убури ҳамдигар мераванд, ки дар он нарх паст шуда, арзиши аслӣ баланд мегардад. Ин ба сабаби афзоиши хароҷотҳои энергетикӣ ва нархи устувори гилхок рӯй медиҳад, ки ба индекс асос ёфтааст.

Нархи алюминий дар муқоиса бо арзиши аслӣ 

Ашёи хом

Зимни овардани таҳлил оид ба дигаргуншавии индекси гилхок ва ҳамаҷониба баррасӣ намудани он тавассути призмаи тавозуни тоза, ки дар он «талабот = таклиф» бидуни ҳаннотии молиявӣ (яке аз мушкилоти асосӣ бозии ҳаннотони молиявӣ барои пастшавӣ маҳсуб мегардад, ки маржаро аз истеҳсолкунанда ба ҳаннот ба ҷойи дигар мегузаронад) ва захираҳои ҷамъоварда, мо индекси бниҳоят баланд- дар сатҳи 17-18% аз нархи алюминий мушоҳида мекунем.

Соли 2002 арзиши миёнаи аслии гилхок барои як тонна алюминий $540- ро ташкил дод, аммо дар соли 2013 арзиши гилхок дар арзиши аслии алюминий қариб 2 маротиба боло рафта, $1064- ро ташкил намуд. Инчунин арзиши анод соли 2013 аз $200 соли 2002 то $400 баланд гардид.

Сабади ашёи хом барои истеҳсоли алюмиинйНархи ангишт

 

Дар замоне, ки «таърихан» нархи алюмиинй дар муқоиса бо нархи гилхок дар сатҳ қариб 14% буд, бозҳисоб аз баръакс нишон медиҳад, ки ҳангоми $320/тн будани арзиши гилхок нархи воқеии алюминий бояд тақрибан $2285/тн бошад, бо вуҷуди ин, имрӯз зимни арзиши миёнаи аслии ҷаҳонии $2100 нархи алюминий тақрибан $1800 аст. 

Хароҷотҳо барои истеҳсоли алюминий дар муқоиса бо нархи алюминий

Индекси баланди гилхок барои маблағгузорандагон ҷолиб буд, ки ба васеъшавии истеҳсолот боис гардид, замоне, ки талаботи корхонаҳо кам шуд. Соли 2011 дар бозорҳо гилхоки барзиёд ҷамъ шуд. Соли 2012 Индонезия қоидаҳои содироти бокситҳо (баланд бардоштани андозбандии содирот)- ро зимни кам кардани миқдори онҳо то андозае  тағйир дода, нархи онҳоро баланд бардошт.

Тавозуни ҷаҳонӣ ва нархи гилхок

Маблағгузорон таваҷҷуҳи худро аз сектори гилхок ба бозори боксит равона карданд, зеро ки маблағгузории саноати боксит арзиши кам дошта, давраи талофият кутоҳтар аст.

Хароҷотҳо барои коркарди дубораи гилхок дар муқоиса бо нархи гилхок

Инчунин болоравии нархи кокс ба сабаби афзоиши ҳарсолаи истеҳсоли алюминий ба андозаи 8% пешбинӣ мегардад. Дар диаграмма таносуб ва динамикаи болоравии нархи коксро нисбат ба нархи алюмиинй дар LME дидан мумкин аст: соли 2006 он тақрибан 10%, имрӯз 22% дар  бар гирифт.

Энергетика

Ҳиссаи бузурги арзиши аслии маҳсулоти ниҳои (маъмулан 1/3)- ро нерӯи барқ фаро мегирад ва ҳама гуна болоравии тарифҳо ногузир боиси баландшавии арзиши аслӣ мегардад.

Истеҳсоли алюминий раванди басо энергияталаб аст, барои ҳосил намудани як тонна алюминий 15-16 МВт/соат қувваи барқ сарф мешавад (ки 25-30% арзиши аслии филизро дар бар мегирад). Агар тағйироти нархҳои алюминий ва қувваи барқро мушоҳида намоем, маълум мешавад, ки трендҳои арзиши нерӯи барқ ва арзиши алюминий хусусияти якранги дигаргуншавӣ доранд. Ҳангоме ки дар лаҳзаҳои буҳронӣ нархи алюминий нисбат ба сатҳи муайян (тақрибан $1200/тн) паст мегардад, он гоҳ истеҳсолкунандагон хароҷоти нерӯи барқро пӯшонида наметавонанд ва зиён мебинанд. Дар чунин давраҳо ширкатҳои зиёд ба муттаҳидшавӣ ва то ҳади ақал кам кардани хароҷоти нерӯи барқ сайъ менамоянд. Ғайр аз ин, баъзе аз онҳо истеҳсолотро ба минтақаи истихроҷи гилхок, ба давлати дорои қувваи арзони корӣ ва арзиши пасти нерӯи барқ мегузаронанд. Ҳамчунин ба мақсади паст кардани хароҷоти нерӯи барқ истеҳсолкунандагони алюминий ҳиссаи истифодаи нерӯи барқи обиро дар истеҳсолот афзун мегардонанд. Афзалияти он аз нав барқароршаванда ва бидуни зарар барои муҳити атроф маҳсуб меёбад.

Нақлиёт

Хароҷоти нақлиёт ба арзиши аслии истеҳсоли алюминий таъсири зиёд мерасонад.

Хусусияти бозори ҷаҳонии алюминий – номувозинатӣ дар ҷойгиронии базаи ашёи хом ва истифодабарандагони бузургтарин: новобаста аз он, ки дар қатори мамлакатҳо- соҳибони ашёи хом Бразилия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва як қатор мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ мебошанд, конҳои асосии боксит дар Африкаи Марказӣ, хусусан дар Гвинея ҷойгиранд, қариб 40% захираҳои ҷаҳонӣ дар Австралия, аммо истеҳсолкунандагони бузургтарини алюминий ва истифодабарандагони калонтарини он дар нимкурраи шимолӣ мавҷуданд. Чунин хусусияти ҷуғрофӣ яке аз омилҳои баландшавии арзиши аслӣ гардид: арзиши аслӣ аз ҳисоби хароҷоти ҳамлу нақли ашёи хом баланд мешавад. 

Имрӯз тарифҳои пасти баҳрии боркашонӣ ба содироти боксит аз Атлантика ба океани Ором ҷиҳати афзалиятнокӣ имкон медиҳанд. Воқеан ба қарибӣ дар арзиши киропулии баҳрӣ ба сабаби ихтисори зиёди супоришҳои нав барои киштисозӣ дар солҳои 2014-2016 дигаргунӣ рӯй хоҳад дод, дар замоне, ки аз ҳисоб баровардани флоти куҳна идома меёбад, аммо ҳаҷми боркашониҳои баҳрӣ зиёд мегардад.

Талабот, пешниҳод ва коэффитсиенти истифода- киштӣ бо бори хушк (тӯда)

Гузашта аз он омили дурии ҷойгиршавии корхонаҳо аз масрафкунандагон ба фоиданокии истеҳсоли алюминий тағйироти тарифҳо рӯ ба ҷониби афзоиш ба ҳамлу нақли борҳо дар роҳҳои оҳан таъсир мерасонанд. Ставкаҳои баланд ба он бурда мерасонанд, ки дар аксар мавридҳо роҳандозии дастрас кардани алюминий ба масофаи калон тавассути нақлиёти автомобилӣ манфиати бештар дорад.

Сохтори арзиши аслии алюминий

Сохтори арзиши аслии алюминий дар корхонаҳои муосир