• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Соҳа

Алюминий дар қишри замин филизи бештар маъмул (8,8%) аст. Вай дар соҳаи металлургия пас аз оҳан ҷойи дуюмро ишғол менамояд, аз ин сабаб вай дар иқтисодиёти ҷаҳон аҳамияти калон дорад. Алюминий нисбат ба филизоти дигари ранга ба таври умум бештар истеҳсол мешавад. Бинобар он саноати алюминий соҳаи асосии филизоти ранга маҳсуб меёбад.

Бозори ҷаҳонии алюминий босубот рушд меёбад. Ин ба он вобаста аст, ки алюминий дар байни масолеҳи созавӣ пешсаф буда, ба шарофати хосиятҳои физикавию кимиёвии худ дар оянда дурнамои хуб дорад. Вазни ками қиёсӣ, устувории баланди зангзанӣ ва термикӣ, сабукии шаклгирӣ ва коркард, оташтобоварӣ, ноқилияти баланди барқӣ, қобилияти амалан садфоизаи коркарди дубора доштан дар пайвастагӣ бо миқдори захираҳои калони ашёи хоми ибтидоӣ ва арзонии алюминий дар муқоиса бо филизоти дигар ба ӯ истифодаи зиёдро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, яъне аз истеҳсоли самолёт ва автомобил то истеҳсолоти зарфҳои холӣ ва маводҳои бастабандӣ, сохтмони саноатӣ ва хонаҳои истиқоматӣ таъмин мегардонад. Дар айни замон, буҳрони иқтисодии соли 2008 боиси муваққатан, аммо якбора коҳиш ёфтани талабот ба алюминий аз ҷониби соҳаҳо гардид, ки истифодабарандагони асосии ин филиз дар ҷаҳон нақлиёт ва сохтмон маҳсуб меёбанд. Истеҳсолкунандагони алюминий ба кам гардидани истеъмол бо пастшавии муносиби истеҳсолот бепарвоӣ зоҳир намуданд, дар натиҷа, дар анборҳо миқдори врқеан барзиёди филиз ҷамъ гардид, ки то ин дам нигоҳ дошта мешавад ва ба нархи ҷаҳонии алюминий таъсири сахт мерасонад.

Истифодаи алюминий дар давлатҳои гуногун бо суръати афзоиши иқтисодиёти онҳо хуб мувофиқат менамояд. Бинобар тахмин кардан мумкин аст, ки ҳатто тибқи сенарияи ноумедона суръати афзоиши миёнаи солонаи истеъмоли алюминий дар давраи то соли 2015 дар мамлакатҳои гуногун аз 1 -1,5%, аммо тибқи сенарияи некбинона аз 2,5% дар як сол пасттар намегардад.

Тамоюлоти дарозмуҳлати бозори алюминий афзоиши истеҳсолот ва истеъмоли алюминийи аввалия, зимнан ба воситаи суръати миёнаи солонаи хеле босубот дар тӯли давраи давомноки вақт маҳсуб меёбад.