• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Истеҳсолкунандагони алюминий

Ашёи хоми асосии табиӣ барои ҳосил намудани гилхок ба мақсади минбаъд аз он истеҳсол кардани алюминий, бокситҳо мебошанд.

Захираҳои ҷаҳонии бокситҳо

Барои истеҳсоли як тонна филизи алюминий тақрибан 1930 кг гилхок, 50 кг намакҳои фтордор, 550 кг электроди ангишт (хамираи анод ё аноди пухта) ва то 15-16 МВт/соат қувваи барқ зарур аст.

Шароит барои рушди соҳа:

  • мавҷудияти манбаъҳои пуриқтидори қувваи барқи арзон шароити муҳимтарини рушди саноати алюминий дар натиҷаи энергияталабии ин соҳа маҳсуб меёбад;
  • ҳуқуқи маҳдуди воридшавӣ ба захираҳои бо роҳи тиҷоратӣ истихроҷшавандаи бокситҳо ва камшавии маъдан омили асосии боздошткунанда барои рушди соҳаи алюминий маҳсуб меёбад.

Содиркунандагони асосии алюминийи аввалия Россия, Канада, Австралия, Бразилия, Норвегия, АМА, Гана, Исландия, аммо воридкунандагон ИМА, Германия, Британияи Кабир, Италия, Нидерландия, Белгия, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, ҷаз. Тайван мебошанд. Ба мамлакатҳои даҳгонаи аввал тибқи андозаҳои истеъмоли алюминий танҳо бархе мамлакатҳои Ғарб, Россия, Чин ва ҷаз. Тайван шомиланд.

Ҷуғрофияи истеҳсоли алюминийи бозистифода комилан ба тариқи дигар зоҳир  мегардад. Чунончи алюминийро аз ашёи хоми дубора дар айни замон қариб 50 мамлакати ҷаҳон гудохта ҳосил менамояд, 95 % маҳсулоти умумии онро мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта, дар навбати аввал ИМА, Ҷопон, Германия, Италия ва Фаронса таъмин менамоянд. Худи онҳо воридкунандагони асосии шикастпораҳои алюминий маҳсуб меёбанд. Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки дар рушд ва ҷойгиронии саноати алюминийи ҷаҳонӣ «корпоратсияҳои ҳамгироӣ бо ҳамоиши амудӣ» нақши асосӣ мебозанд, онҳо аз истеҳсоли гилхок то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ соҳиби тамоми занҷри истеҳсолот мебошанд.

Имрӯз бозори алюминий танҳо нисбат ба бозори пӯлод аз ҷиҳати ҳаҷм ҷойи дуюмро ишғол менамояд ва талабот ба филизи «болдор» тадриҷан меафзояд. Аз ҷониби дигар, иқтисодиёти Чин- мамлакате, ки аллакай қариб нисфи алюминийи дар ҷаҳон истеҳсолшавандаро истифода мебарад, бо суръати ҳайратовар рушд меёбад.

Аз ҷониби дигар,- болоравии нархҳои филизот- субститутҳо, ба монанди мис ва руҳ, ба афзоиши мутаносиби ростаи талабот ба алюминий дар электроэнергетика, саноати нақлиёт, сохтмон ва соҳаҳои дигар мусоидат менамоянд.

Дар бозори ҷаҳонии алюминий ҳамон ширкатҳое афзалияти пешсафӣ доранд, ки онҳо на танҳо метавонанд доираи истеҳсолот- истихроҷи ашёи хом, истеҳсоли гилхок ва барқарор кардани алюминийро пурра таъмин намоянд, балки ин амалро бо маҳсулнокии ҳади ниҳоии иқтисодӣ ба ҷо оранд.

Истеҳсолкунандагони асосии алюминий дар ҷаҳон:

 

Даҳ ширкати бузургтарин- истеҳсолкунандаи алюминий: