• Русский
  • Tajik
  • English

Корхонаи воҳиди давлатии

Таърихи саноати алюминий

Филизи алюминий аввалин маротиба соли 1825 аз ҷониби физики даниягӣ К. Эрстед (Orsted) ҳосил карда шуд. Соли 1854 аз ҷониби олими фаронсавӣ Анри Этен Сент-Клер Девил (Sainte-Claire Deville) усули истеҳсоли саноатии алюминий кашф гардид, ки он ба баровардани алюминий тавассути натрийи филизӣ аз хлориди дукаратаи натрий ва алюминий NaCl-AlCl3 асос ёфтааст. Дар муддати 36 соли истифодаи он, аз соли 1855 то 1890, бо усули Сент-Клер Девил 200 т филизи алюминий ҳосил гардид.

Дар соли 1856 дар корхонаи бародарон Тисе дар Руане Девил корхонаи аввалини саноатиро оид ба истеҳсоли алюминий ташкил намуд. Илова бар ин арзиши 1 кг алюминий дар ибтидо ба 300 франк баробар буд. Пас аз якчанд сол муяссар гардид, ки нархи фурӯш то 200 франк барои 1 кг паст карда шавад, бо вуҷуди он вай аз ҳад зиёд баланд боқӣ бимонд. Маснуоти аз ин филиз истеҳсолшуда ба шарофати ранги сафед ва ҷилои хушнамо шуҳрати зиёд дошт. 

Ба андозаи такмил ёфтани усулҳои кимиёвии ҷудо кардани алюминийи нархи он сол ба сол коҳиш ёфт. Масалан, корхонаи Олбери (Англия) дар миёнаи солҳои 1880 дар як рӯз то 250 кг алюминий истеҳсол мекард ва онро ба нархи 30 шиллинг барои 1 кг мефурӯхт, ба ибораи дигар, нархи он дар тӯли 30 сол 25 маротиба паст шуд. 

Ҳанӯз дар миёнаи асри 19 баъзе кимёгарон ба он ишора намуданд, ки алюминийро бо роҳи электролиз ҳосил кардан мумкин аст. Дар соли 1854 Бунзен алюминийро бо роҳи электролизи гудозаи хлориди алюминий ҳосил намуд. Барои истеҳсоли алюминий бо роҳи электролиз аллакай 100 сол технологияи Эру-Холл мавриди истифода қарор дода мешавад. Бо шарофати ба таври васеъ паҳн шудани ин усул дар тамоми ҷаҳон, истеҳсоли алюминий дар миқёси калон имконпазир гардид ва нархи он даҳҳо маротиба паст фаромад.

Афзоиши истеҳсолот махсусан ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва пас аз он вусъат ёфт. Истеҳсоли алюминийи аввалия (бидуни ҳисоби истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ) дар соли 1939   620 ҳаз. тн. ташкил дод. Дар соли 1943 истеҳсоли он то 1,9 млн. тн. афзуд. Соли 1956 дар тамоми ҷаҳон 3,4 млн. тн. алюминийи аввалия истеҳсол карда шуд, соли 1965 истеҳсоли ҷаҳонии алюминий ба 5,4 млн. тн, соли 1980  ба 16,1 млн. тн, дар соли 1990 бошад ба 18 млн. тн. бирасид. Афзоиши гудохта баровардани алюминийи аввалия дар охиир асри XX ва дар даҳсолаи аввали асри XXI тамоюли рӯзафзуни рушди ин саноатро инъикос менамояд. Тибқи маълумотҳои Донишкадаи байналмилалии алюминий (International Aluminium Institute, IAI) истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон соли 2007 аллакай ба 37,41 млн. тонна бирасид ва рушди он бо суръати баланд идома ёфт: соли 2012 истеҳсоли ҷаҳонии алюминий 47,78 млн. тн., соли 2013 бошад, тақрибан51,2 млн. тн.

Бар хилофи саноати истеҳсоли боксит ва гилхок дар ҷойгиронии металлургияи алюминий ду омил таъсири ҳалкунанда мерасонад. Якум- иқтидори энергия, зеро ҳатто дар корхонаҳои муосиртарин барои истеҳсоли 1 тн. алюминий 15-16 МВт/соат қувваи барқ зарур аст. Маҳз аз ҳамин сабаб корхонаҳои алюминбарорӣ ба маҳалҳои ҷойгиршавии НБО- ҳои бузург ва баъзан НБГ рағбат доранд. Маҳсулнокии онҳо инчунин мутаносибан бо баландшавии иқтидор меафзояд. 

Тамоми гуфтаҳои боло на танҳо ба корхонаҳои алоҳида, балки ба мамлакатҳое дахл дорад, ки онҳоро ба дорои захираҳои нерӯи арзони барқ ва аз он танқисикашанда ҷудо кардан мумкин аст. Ҳанӯз дар нимаи аввали асри XX, қариб тамоми миқдори гудохташудаи алюминийи аввалия дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва ИМА ҷалб гардида буд, аммо баъд саҳми ин минтақаҳо тадриҷан коҳиш ёфт ва ҳоло тақрибан ҷамъулҷамъ 2/5- ро дар бар мегирад. Миқдори боқимондаи алюминийи гудохташуда ба Осиёи хориҷӣ, мамлакатҳои ИДМ, Амрикои Лотинӣ, Австралия ва Африка рост меояд. Дигаргунии аз ҳама асосии ҷуғрофӣ кӯчиши саноати алюминий аз мамлакатҳои мутараққӣ ба рушдёбанда мебошад. Ҳоло аллакай 13 адади онҳо корхонаҳои алюминбарорӣ доранд, илова бар ин, чун қоида, нисбат ба аксари мамлакатҳои ғарб иқтидори бештар доранд. 

Омили дигар ба мавқеи ҷуғрофии корхонаҳои машғули истеҳсол ва содироти алюминий вобастаанд ва он равшан нишон медиҳад, ки 95% онҳо ё дар наздикии бевосита қарор доранд ё ба бандарҳои баҳрӣ хеле қаринанд.

 

Якҷоя шудани корхонаҳои алюминбарорӣ дар назди бандарҳо бо шароитҳои иқтисоди бозаргонӣ, маҳз бо арзоншавии хароҷотҳои нақлиётӣ ҳам барои воридоти ашёи хом ва компонентҳо барои истеҳсоли алюминий, ҳам ба содироти маҳсулоти тайёр супориш гардидааст, ки татбиқи он аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда тавассути биржаҳои байналмилалии филизот танҳо дар шароитҳои FOB амалӣ мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки хариду фурӯши бор фурӯшандаро ҷиҳати аз ҳисоби қувваю воситаҳои худ дастрас кардан ва ба киштӣ бор кардани бор водор менамояд.